https://sputnik.tj/20230622/khujand-forum-sohibkoron-muvaffaq-barguzor-shud-video-1057862969.html
Дар шаҳри Хуҷанд аввалин форуми соҳибкорони муваффақ G5 баргузор шуд - видео
Дар шаҳри Хуҷанд аввалин форуми соҳибкорони муваффақ G5 баргузор шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи барномаи IX-уми намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “СуғдЭкспо - 2023” дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши соҳибкорони муваффақи ва ё G5 доир гардид
2023-06-22T20:30+0500
2023-06-22T20:30+0500
2023-06-23T13:57+0500
видео
хуҷанд
суғд
соҳибкор
форум
намоишгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/16/1057862604_0:256:853:736_1920x0_80_0_0_0dd844a12fe9628bc213e4168dfbcb73.jpg
Зуҳри имрӯз саҳну атрофи Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷандро намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ пур карданд.Зимнан ин ҳафтумини форуми соҳибкорони муваффақ ва ё G5 гуфта мешавад, ки ин бор дар маркази Суғд баргузор шуд.Дилшод Ҷуразода, директори Муассисаи давлатии Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон гуфт, дар ин форум панҷ соҳибкори муваффақ иштирокдоронро аз таърихчаи муваффақияти худ шинос намуданд.Ин ҳамоиш аз сӯи Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон доир карда мешавад.Дар вилояти Суғд дар остонаи Иди Қурбон ярмаркаҳо баргузор мешавандДилшод Ҷуразода гуфт, G5 – рамзӣ буда, рақами 5 ифодакунандаи панҷ соҳибкори муваффақи ватанӣ аст.Аъзам Аҳруллоев, яке аз соҳибкори ҷавони суғдӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи нақши соҳибкорони ҷавон таъкид намуд ва зикр кард, ки дар ҳоли ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ сафи соҳибкорон афзоиш хоҳад ёфт.Соҳибкорони Корея мехоҳанд дар Суғд кишти ҷуворимакка ва коркарди онро ба роҳ монанд“Ба андешаи ман соҳибкорӣ як масъулият аст ва барои пеш бурдани он бояд ҷуръат ҳам муҳим аст. Фикр мекунам, агар дар самти дасгирии андозбандӣ имтиёзҳои назаррас ҷорӣ гардад, боз ҳам сафи соҳибкорони ҷавонон беш аз пеш зиёд хоҳад шуд”, - гуфт, Аҳруллоев.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҷараёни баргузории ҳамоиши G5 ро наворбардорӣ кард, ки басо ҷолиб ва диданист.Қарор аст пагоҳ Намоишгоҳи байналмиллалии савдо "Суғд – 2023" бо доираи васеъи ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла - Русия дар шаҳри Хуҷанд доир гардад ва ду рӯз давом ёбад.
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/16/1057862604_0:132:854:772_1920x0_80_0_0_da53240ad81e65d53d038634fe84a8d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, хуҷанд, суғд, форум, иқтисодӣ, соҳибкорон, муваффақ, намоишгоҳ
видео, хуҷанд, суғд, форум, иқтисодӣ, соҳибкорон, муваффақ, намоишгоҳ
Дар шаҳри Хуҷанд аввалин форуми соҳибкорони муваффақ G5 баргузор шуд - видео
20:30 22.06.2023 (Навсозишуда: 13:57 23.06.2023) Дар доираи барномаи IX-уми намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии “СуғдЭкспо - 2023” дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши соҳибкорони муваффақ ва ё G5 доир гардид
Зуҳри имрӯз саҳну атрофи Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷандро намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ пур карданд.
Зимнан ин ҳафтумини форуми соҳибкорони муваффақ ва ё G5 гуфта мешавад, ки ин бор дар маркази Суғд баргузор шуд.
Дилшод Ҷуразода, директори Муассисаи давлатии Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон гуфт, дар ин форум панҷ соҳибкори муваффақ иштирокдоронро аз таърихчаи муваффақияти худ шинос намуданд.
“Умедворем, ки аз нақли сирри муваффақияти ширкатҳои маъруф дигаронро низ ҳавасманд гардида дар оянда сафи соҳибкорони ҷавон боз ҳам зиёд хоҳад шуд” - изҳор намуд Ҷуразода.
Ин ҳамоиш аз сӯи Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон доир карда мешавад.
Дилшод Ҷуразода гуфт, G5 – рамзӣ буда, рақами 5 ифодакунандаи панҷ соҳибкори муваффақи ватанӣ аст.
“5 дар мактаб баҳои аз ҳама намоён аст, рамзи комёбӣ ва муваффақиятҳо аст. G5 ҳам рамзи панҷ соҳибкори муваффақ аст, ки дигарон ҳам ҳавас ва кӯшиш карда метавонанд” - афзуд, ӯ.
Аъзам Аҳруллоев, яке аз соҳибкори ҷавони суғдӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи нақши соҳибкорони ҷавон таъкид намуд ва зикр кард, ки дар ҳоли ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ сафи соҳибкорон афзоиш хоҳад ёфт.
“Ба андешаи ман соҳибкорӣ як масъулият аст ва барои пеш бурдани он бояд ҷуръат ҳам муҳим аст. Фикр мекунам, агар дар самти дасгирии андозбандӣ имтиёзҳои назаррас ҷорӣ гардад, боз ҳам сафи соҳибкорони ҷавонон беш аз пеш зиёд хоҳад шуд”, - гуфт, Аҳруллоев.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҷараёни баргузории ҳамоиши G5 ро наворбардорӣ кард, ки басо ҷолиб ва диданист.
Қарор аст пагоҳ Намоишгоҳи байналмиллалии савдо "Суғд – 2023" бо доираи васеъи ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла - Русия дар шаҳри Хуҷанд доир гардад ва ду рӯз давом ёбад.