"Ба таври ҳамешагӣ баста шавад": Аврупо қарори сангин қабул кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЦентрально-европейский газовый хаб в Баумгартене
Центрально-европейский газовый хаб в Баумгартене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2023
Обуна шудан
Нархи “сӯзишвории нилгун” боз боло рафт – зиёда аз 500 доллар барои 1000 кубометр. Сабабаш – бар асари гармо истифодаи нерӯи барқ ба якборагӣ зиёд шуд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik, Наталя Дембинская. Бар замми ин – навгонии ғайриинтизорӣ: ба таври ҳамешагӣ калонтарин дар қитъа – кони гази Гронингенск махкам карда мешавад. Садҳо корхонаҳои аврупоӣ чун пештара кор намекунанд – аз ҷумла, бо сабаби таҳримҳои зиддирусиягӣ. Дар Ҷаҳони куҳан аллакай дар бораи ғайрисаноатикунонӣ мегӯянд.
Ҳаҷми уфтодаистода
Агентии Bloomberg хабар медиҳад: истихроҷи газро дар Гронинген аллакай дигарбора барқарор намекунанд. Ҳукумати Нидерландия ба чунин қарор омадааст. Кони мазкурро барои 4 моҳ – то 1 октябр муваққатан хобонидаанд. Зарари экологӣ барои муҳити зисти минтақа басо калон аст. Аз соли 2012 дар атрофи Гронингенбеш аз 1000 хонаҳо, ки зиндагӣ дар онҳо бехавф набуд, вайрон карда шуданд. Ҳукумат ваъда додааст, ки ба зарардидагон ба андозаи 22 миллиард евро дар давоми 30 сол пардохт менамояд.
Кони гази Гронинген соли 1963 кашфу ба кор андохта шуда буд. Он яке аз муҳимтарин захираҳо барои Аврупои Ғарбӣ аст. Аммо ҳаҷми истихроҷ ҳамоно кам карда мешуд. Соли 2013 53,9 миллиард кубометр буд. Дар соли 2021 бошад, тибқи иттилои Nederlandse Aardolie Maatschappii, ин нишондиҳанда 6,5 миллиардро ташкил дод,- хотиррасон менамояд таҳлилгари молиявӣ Марк Гойхман. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеъмоли газ дар қитъа 480 миллиард кубометрро ташкил медиҳад.
Газопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2023
Олмон зимистони оянда ба норасоии газ рӯбарӯ мешавад
Пас аз парвози эҳсосӣ, ки 15 июн сурат гирифт, таъини нарх поён фаромад. Ба ҳар ҳол, саҳми Гронинген дар солҳои охир дар таъминот бо газ калон набуд – на камтар аз 2 %. Албатта, ин бад нест. Гази моеъ, сарфакорӣ ва дигар чораҳо кӯмак мерасонанд. Анборхои гази аврупоӣ низ ба андозаи 78% пур карда шудаанд. Бо вуҷуди ин, вазъият дар бозор муташанниҷ аст.
Муаммоҳои интиқол
Бар асари сармои шадид дар Ҷаҳони куҳан кондитсионерҳо бо тамоми иқтидор кор мекунанд, талабот ба нерӯи барқ ба якборагӣ афзуд.
Дар баробари ин, амалӣ гаштани корҳои таъмирӣ дар коргоҳи истеҳсоли гази моеъ ва садама дар заводи Hammerfest дар шимоли Норвегия таъсири худро гузошт.
Содирот аз он ҷо то охири моҳи июл маҳдуд карда шудааст. Ин чиз номуайяниро бештар месозад, зеро пас аз кам шудани сатҳи содироти гази русиягӣ Норвегия интиқолдиҳандаи асосии ин намуди сӯзишворӣ шудааст,- қайд менамояд Bloomberg.
Чуноне, ки коршиноси мустақими саноатӣ Леонид Хазанов қайд менамояд, ин ҳолати баамаломада ба Аврупо ягон некие пеш намеорад.
“Гронинген барои истеъмоли дохилӣ дар Нидерландия хеле муҳим буд. Акнун онҳо низ, чун дигарон, аз содироти газ вобастаанд. Лозим меояд, ки ҳаҷми харидро аз ИМА Қатар, Нигерия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо зиёд карда шавад”,- шарҳ медиҳад ӯ. Ва нархгузорӣ низ, эҳтимол дорад, рӯ ба афзоиш ниҳад ва бо ин даври нави бӯҳрони энергетикӣ дар Аврупоро ба миён меорад, тахмин мезанад Хазанов.
Тамоюли ғайрисаноатикунонӣ
Дар мавриди аввал бахши воқеӣ осеб мебинад. Тамоми соли гузашта дар ИА корхонаҳои нерӯи зиёд истифода мебурдаи соҳаҳо аз кор монданд – бо сабаби гаронии арзиши барқу сӯзишворӣ. Аз ҷумла, Slovalco (алюминий), Budel (тсинк) ва ANWIL (нуриҳо), коргоҳи кимёвии азим Chimcomplex баста шуданд.
Бисёриҳо иқтидорҳояшонро ба ИМА ва Чин бурданд – муҳоҷирати доманадори саноатӣ густурда шуд. Ба ин ҳаракати сабзи ИА низ мусоидат намуд. Маҳдудиятҳои экологӣ, ба монанди қиматшавии барқу газ, ба он водор менамоянд, ки ё истеҳсолот ихтисор карда шавад, ва ё он ба хориҷа бароварда шавад. Дар моҳи октябри соли 2022, масалан, калонтарин дар ҷаҳон консерни кимиёвии BASF дар бораи кам гардидани ҳаҷми истеҳсолоташ дар Аврупо эълон дошт.
"Пӯшида шудани коне бо захираҳое, ки ба триллион доллар баҳогузорӣ карда шудааст, дар оянда ба соҳаи саноати Аврупои шимолу-ғарбӣ таъсири манфӣ хоҳад дошт, азҷумла - ба саноати ҳавзаи Рур дар Олмон. Беш аз ҳама кишварҳои Британия, Олмон, Лаҳистон осеб мебинанд.
Что будет с Европой, если она откажется еще и от российского СПГ: видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2023
Аврупоро дар сурати рӯ гардондан аз гази Русия чӣ интизор аст - видео
Лозим меояд, ки камбуди газро бо воридоти он аз Норвегия, Қатар ва ИМА бо нархҳои гаронтар ҷуброн намоянд”,- ишора дорад шарики Сapital Lab Евгений Шатов.
Дар натиҷаи ғайрисаноатикунонӣ, ки дар бораи он сиёсатмадорони аврупоӣ ҳанӯз тирамоҳ мегуфтанд, суръати тоза гирифта истодааст.
“Анборҳои зеризаминии нигоҳдории газ пуранд, аммо захираҳо хосияти тамомшавӣ доранд. Ин ҷо ду роҳи ҳалли муаммо ҳаст: ё барқарор сохтани ҳамкориҳои мӯътадил бо Русия дар соҳаи газ, ва ё пӯшидани ҳамаи коргоҳҳои нав – истеъмолкунандагони азими гази табиӣ”, - муҳокимаронӣ дорад Хазанов.
Дар Сapital Lab ба он ишора доранд, ки аврупоиҳо дар нақшаҳои сабзи хуб комилан сарҳисоби худро гум кардаанд ва бо ин худро ба кӯчаи сарбаста задаанд.
Дар ҳолати шиддат ёфтани бӯҳрони иқтисодӣ ҳукумати Нидерландия метавонад аз фикраш гардад ва ба таҳияи кони гази Гронинген баргардад. Пас он гоҳ, аввалан- сармояи бузург барои навсозии инфрасохторҳо зарур мешаванд. Дуюм ин, ки ин сенарий ба рӯзномаи ИА мухолиф аст, ки ба даст кашидан аз сӯзишвории карбонӣ равона карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0