https://sputnik.tj/20230620/tedod-kudakon-giriftor-falaj-afghoniston-afzoish-1057818362.html
Дар Афғонистон теъдоди кӯдакони гирифтори фалаҷ зиёд шуд
Дар Афғонистон теъдоди кӯдакони гирифтори фалаҷ зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Фалаҷи атфол дар Афғонистон бинобар нобоварии хонавдаҳо ба ваксини алайҳи ин маризӣ ва ҳамчунин ҷангҳои тӯлонӣ то ҳол решакан нашудааст
2023-06-20T18:38+0500
2023-06-20T18:38+0500
2023-06-20T18:38+0500
осиёи марказӣ
афғонистон
тандурустӣ
фалаҷи атфол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051628390_0:215:3071:1942_1920x0_80_0_0_91036cd89e819bb83911d20d086ff704.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар Афғонистон панҷумин ҳолати гирифторӣ ба фалаҷи атфол сабт гардид, хабар медиҳад "Парс тудей" бо истинод ба Вазорати беҳдошти ин кишвар.Манбаъ меафзояд, бемайлӣ ва нобоварии хонаводаҳои афғон ва ҳамзамон ҷанги тӯлонӣ боис шуд, ки ин дард дар Афғонистон ҳанӯз ҳам решакан нашудааст.Дар ҳамин замина, ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз эҷоди 37 марказ барои шиносоии кӯдакони мубтало ба фалаҷи атфол дар саросари Афғонистон хабар дод.Ёдовар мешавем, Вазири тандурустии Тоҷикистон дар нишасти моҳи феврали соли ҷорӣ эълон кард, ки соли гузашта дар мамлакат ягон мавриди гирифтории бемориҳои хавфнок, аз ҷумла фалаҷи атвол сабт нагардидааст.Бояд гуфт, соли 2021 дар сартосари Тоҷикистон кӯдакон ваксина алайҳи ин бемориро гирифта буданд. Ҳамон сол Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар поёни моҳи март вуҷуди бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистонро эълом карда буд.Аввалин ҳолати полиомиелит дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, сипас ин беморӣ дар деҳоти минтақаи Ҳисор пайдо шуд.Ҳоло аз маризӣ дар Тоҷикистон дараке нест.
https://sputnik.tj/20230210/vazir-tojikiston-bemori-siroyati-khavfnok-qayd-1054832895.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051628390_177:0:2908:2048_1920x0_80_0_0_b8290dcef12bb6727fe3240328f955c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон фалаҷи атфол
Дар Афғонистон теъдоди кӯдакони гирифтори фалаҷ зиёд шуд
Фалаҷи атфол дар Афғонистон бинобар нобоварии хонавдаҳо ба ваксини алайҳи ин маризӣ ва ҳамчунин ҷангҳои тӯлонӣ то ҳол решакан нашудааст
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар Афғонистон панҷумин ҳолати гирифторӣ ба фалаҷи атфол сабт гардид, хабар медиҳад "Парс тудей" бо истинод ба Вазорати беҳдошти ин кишвар.
"Кӯдаки мубтало ба бемории фалаҷи атфол дар шаҳристони "Дурбобо" дар вилояти Нангарҳор ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ меафзояд, бемайлӣ ва нобоварии хонаводаҳои афғон ва ҳамзамон ҷанги тӯлонӣ боис шуд, ки ин дард дар Афғонистон ҳанӯз ҳам решакан нашудааст.
Дар ҳамин замина, ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз эҷоди 37 марказ барои шиносоии кӯдакони мубтало ба фалаҷи атфол дар саросари Афғонистон хабар дод.
Ёдовар мешавем, Вазири тандурустии Тоҷикистон дар нишасти моҳи феврали соли ҷорӣ эълон кард, ки соли гузашта дар мамлакат ягон мавриди гирифтории бемориҳои хавфнок, аз ҷумла фалаҷи атвол сабт нагардидааст.
Бояд гуфт, соли 2021 дар сартосари Тоҷикистон кӯдакон ваксина алайҳи ин бемориро гирифта буданд. Ҳамон сол Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар поёни моҳи март вуҷуди бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистонро эълом карда буд.
Аввалин ҳолати полиомиелит дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, сипас ин беморӣ дар деҳоти минтақаи Ҳисор пайдо шуд.
Ҳоло аз маризӣ дар Тоҷикистон дараке нест.