РВК Душанбе омори қонуншиканиҳо миёни ноболиғонро ошкор кард

© Sputnik / Алексей КуденкоПодростки
Подростки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Обуна шудан
Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе аз волидон хостаанд, ки дар таътили тобистона барои кӯдакон ҷадвали машғулиятҳо омода кунанд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар Душанбе беш аз 2000 ноболиғ барои қонуншиканӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ин оморро дар Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар пойтахт Тоҷикистон эълом карданд.
Ин теъдоди қонуншиканиҳо дар 5 моҳи соли 2023 ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки кӯдакону наврасон ба талбандагӣ, роҳҳои ғайриқонунии пул ба даст овардан ва ҳамчунин бозиҳои видеоӣ машғул буданд.
РВКД дар Душанбе аз рейдҳо ва чорабиниҳои санҷишии гузаронидашуда ба хулосае омадааст, ки бархе аз волидон ба тарбия ва таълими фарзандон аҳамияти зарурӣ намедиҳад, қонунро сарфи назар мекунанд.
Дар ин росто аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои наврасон маҳфилҳои тарбиявӣ ташкил карда шуда, дар онҳо вохӯриву суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Пулчинаки 17-сола, ки табиби "Истиқлол"-ро кушт ба ҳабс гирифта шуд
Дар навбати худ РВКД дар пойтахт бо дархости омода кардани ҷадвали кӯдакон ба таътили тобистона, барои китобхона ҷалб намудани онҳо, инчунин боздид аз осорхонаҳо ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ ба волидон муроҷиат кардааст.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барандагони озмуни 10-уми ҷумҳуриявии "Назоратчиёни ҷавони нақлиёт"-ро муайян карда буд. Гуфта мешавад, ки дар он дастаи гимназияи рақами 74-и пойтахт ғолиб шуд.
Дар озмуни ҳамасола боз 5 муассисаи таълимӣ: мактабҳои рақами 1-и Конибодоми вилояти Суғд, №7-и шаҳри Хоруғи ВМКБ, No7-и шаҳри Турсунзода, №2-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва №1-и Рашт ширкат доштанд.
Бо холи баланд — 74,73 тими гимназия ғолиби мутлақи мусобиқа дониста шуд. Дигар иштирокчиён низ бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0