https://sputnik.tj/20230620/khovaling-kudakoni-yatim-istirohatgoh-1057814210.html
Дар ноҳияи Ховалинг барои кӯдакони ятим истироҳатгоҳи замонавӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Ховалинг барои кӯдакони ятим истироҳатгоҳи замонавӣ сохта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи истироҳатгоҳи тобистона барои кудакон ва наврасони ятим дар ноҳияи Ховалинг аллакай омода шуда ва ба президенти кишвар муаррифӣ шудааст
2023-06-20T15:14+0500
2023-06-20T15:14+0500
2023-06-20T15:14+0500
иҷтимоъ
дар тоҷикистон
ховалинг
хатлон
кӯдакони ятим
истироҳат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057814033_0:0:2958:1663_1920x0_80_0_0_52ca7e35b6eba8bb3576d571aec57b63.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон барои 200 нафар кӯдаки ятим то таҷлили 35 солагии истиқлоли давлатӣ, аз ҷониби соҳибкори маҳуллӣ истироҳатгоҳи тобистона бунёд мешавад.Бо тарҳи он Эмомалӣ Раҳмон шинос гардид, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон ҳузур дорад ва барои бунёди иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои муфид додааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисиҷумҳур.Зимни муаррифӣ гуфта шудааст, ки иншооти мазкур дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг бунёд ёфта, аз 3 ошёна иборат хоҳад буд, ки дар он 23 утоқ ҷой дода мешавад. Ҷойи хоби духтарон дар алоҳидагӣ ва аз писарон дар алоҳидагӣ бунёд хоҳад гашт.Ҳамчунин тибқи нақша дар истироҳатгоҳи мазкур синфхонаҳои омӯзиши касбу ҳунари духтаронаву писарона ташкил гардида, дар идомаи истироҳат кӯдакону наврасон ба машғулияти касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дарсҳои омӯзиши малакаи рассомӣ низ дар синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки дар дохили истироҳатгоҳи мазкур толори тамошои синамо, толор барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ошхона барои истироҳаткунандагон бунёд гардида, роҳравҳои барҳавову зебо низ сохта ба истифода дода шавад.Маълум шуд, кӯдакону наврасони Душанбе имсол дар куҷо истироҳат мекунанд: қарори шаҳрдорДар дохили бино ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ, утоқи алоҳидаи муррабиён, ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ ҷой дода мешавад ва ҳамчунин истироҳаткунандагон метавонанд аз фаъолияти китобхонаи барҳаво низ ҳангоми истироҳат истифода баранд.Намои берунаи иншоот низ бо дизайни зебову замонавӣ бунёд гардида, дар саҳни истироҳатгоҳ ҳавз барои оббозӣ, суҳбаткадаҳо, майдони хурди варзишӣ ва як майдони замонавӣ барои бозиҳои футбол ҷой дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки президент Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати ахир ба масъулин супориш дод, ки амнияту бехатарии кӯдаконро зимни таътили тобистона дар истироҳатгоҳҳо таъмин намоянд.
ховалинг
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057814033_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_8b40f4d29d823ba9f276d19bd3c4adb5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон, барои кӯдакони ятим, истироҳатгоҳ
хатлон, барои кӯдакони ятим, истироҳатгоҳ
Дар ноҳияи Ховалинг барои кӯдакони ятим истироҳатгоҳи замонавӣ сохта мешавад
Лоиҳаи истироҳатгоҳи тобистона барои кудакон ва наврасони ятим дар ноҳияи Ховалинг аллакай омода шуда ва ба президенти кишвар муаррифӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон барои 200 нафар кӯдаки ятим то таҷлили 35 солагии истиқлоли давлатӣ, аз ҷониби соҳибкори маҳуллӣ истироҳатгоҳи тобистона бунёд мешавад.
Бо тарҳи он Эмомалӣ Раҳмон шинос гардид, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон ҳузур дорад ва барои бунёди иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои муфид додааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисиҷумҳур.
Зимни муаррифӣ гуфта шудааст, ки иншооти мазкур дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг бунёд ёфта, аз 3 ошёна иборат хоҳад буд, ки дар он 23 утоқ ҷой дода мешавад.
Ҷойи хоби духтарон дар алоҳидагӣ ва аз писарон дар алоҳидагӣ бунёд хоҳад гашт.
Ҳамчунин тибқи нақша дар истироҳатгоҳи мазкур синфхонаҳои омӯзиши касбу ҳунари духтаронаву писарона ташкил гардида, дар идомаи истироҳат кӯдакону наврасон ба машғулияти касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Дарсҳои омӯзиши малакаи рассомӣ низ дар синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад.
Дар назар аст, ки дар дохили истироҳатгоҳи мазкур толори тамошои синамо, толор барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ошхона барои истироҳаткунандагон бунёд гардида, роҳравҳои барҳавову зебо низ сохта ба истифода дода шавад.
Дар дохили бино ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ, утоқи алоҳидаи муррабиён, ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ ҷой дода мешавад ва ҳамчунин истироҳаткунандагон метавонанд аз фаъолияти китобхонаи барҳаво низ ҳангоми истироҳат истифода баранд.
Намои берунаи иншоот низ бо дизайни зебову замонавӣ бунёд гардида, дар саҳни истироҳатгоҳ ҳавз барои оббозӣ, суҳбаткадаҳо, майдони хурди варзишӣ ва як майдони замонавӣ барои бозиҳои футбол ҷой дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки президент Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати ахир ба масъулин супориш дод, ки амнияту бехатарии кӯдаконро зимни таътили тобистона дар истироҳатгоҳҳо таъмин намоянд.