https://sputnik.tj/20230620/havo-changolud-khujand-toza-korshinos-1057813722.html
Ҳавои чанголуди Хуҷанд кай тоза мешавад – шарҳи коршинос
Ҳавои чанголуди Хуҷанд кай тоза мешавад – шарҳи коршинос
Sputnik Тоҷикистон
Сар аз 19 июн чангу ғубор аз ҳавои шаҳру навоҳии Суғд тоза намешавад, балки он дару тирезаи хонаю коргоҳ, мошинҳо ва ҳама ҷойро олуда кардааст 20.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-20T14:40+0500
2023-06-20T14:40+0500
2023-06-21T17:35+0500
дар тоҷикистон
суғд
иҷтимоъ
ҳаво
чангу ғубор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057813101_0:2:3637:2048_1920x0_80_0_0_598dbbb312fd3df3145e8b63b8c6a558.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Дар шароити ҳукмфармоии гармии наздик ба 40 дараҷаии фасли тобистон чанголуд гардидани ҳаво дар Хуҷанд ва дигар навоҳии Суғд мушкили сокинонро бештар намудааст. Чунин вазъи номусоиди ҳаво бештар онҳоеро, ки бемории диққи нафас дорад, нигарон кардааст. Дар Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд, ки чунин вазъи ногувори табиӣ аз куҷо сарчашма гирифта ва он чи вақт бартараф хоҳад шуд. Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Маркази обуҳавосанҷии Суғд гуфт, тибқи мушоҳидаҳои коршиносони умури обуҳавосанҷӣ чангу гард аз ҳисоби вазиши шамол ба вуҷуд омадааст. Ин коршинос мегӯяд, ҳолати бавуҷудомада дар фасли тобистон то андозае сабаби пастшавии давои ҳаво хоҳад шуд. Зеро дар қисмати шарқии кишвар дар иҳотаи кӯҳҳои баланд ва наздикии Баҳри Арал ҷойгир буда, вазиши шамол гармии ҳароратро то ду - се дараҷа поён мебарад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд аз 40-42 дараҷаи рӯзҳои гузашта то ба 37-39 дараҷа поин шудааст.Ҳомидов таъкид намуд, зимни таҳқиқ маълум шудааст, ки миқдори паҳншавии чангу гарди ҳавои атмосферӣ дар Хуҷанд то ба 0,13 метри мукааб расидааст, ки ин рақам баланд арзёбӣ мешавад. Коршиносони Маркази обуҳавосанҷии Суғд мегӯянд, то ин замон миқдори паҳншавии чанг дар навоҳии атрофи Суғд то 0,7 метри мукааб буд. Панҳншавии чангу гард ба ҳавои атмосферии Суғд аз рӯзи зуҳри 19 июн шуруъ шуд ва ҳоло он шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Спитаменро фаро гирифтааст.Масъулони Маркази обуҳавосанҷии Суғд гуфтанд, ки эҳтимол ин вазъ то санаи 21 июн давом кунад. Вазиши шамоли шимолӣ дар ин сана эҳтимолият дорад, ки боиси тозашавии ҳаво хоҳад шуд.Қаблан ҚҲФ ҳушдор дод, ки то 24 июн ҳаво дар Тоҷикистон ниҳоят тафсон мешавад.
https://sputnik.tj/20230619/hushdori-khf-garmoi-toqatfarso-tojikiston-1057791742.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/14/1057813101_561:0:3292:2048_1920x0_80_0_0_bdc3d43feb13cafd8170f34fd9943c8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, иҷтимоъ, ҳаво, чангу ғубор
дар тоҷикистон, суғд, иҷтимоъ, ҳаво, чангу ғубор
Ҳавои чанголуди Хуҷанд кай тоза мешавад – шарҳи коршинос
14:40 20.06.2023 (Навсозишуда: 17:35 21.06.2023) Эксклюзив
Сар аз 19 июн чангу ғубор аз ҳавои шаҳру навоҳии Суғд тоза намешавад, балки он дару тирезаи хонаю коргоҳ, мошинҳо ва ҳама ҷойро олуда кардааст
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Дар шароити ҳукмфармоии гармии наздик ба 40 дараҷаии фасли тобистон чанголуд гардидани ҳаво дар Хуҷанд ва дигар навоҳии Суғд мушкили сокинонро бештар намудааст.
Чунин вазъи номусоиди ҳаво бештар онҳоеро, ки бемории диққи нафас дорад, нигарон кардааст.
Дар Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд, ки чунин вазъи ногувори табиӣ аз куҷо сарчашма гирифта ва он чи вақт бартараф хоҳад шуд.
Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Маркази обуҳавосанҷии Суғд гуфт, тибқи мушоҳидаҳои коршиносони умури обуҳавосанҷӣ чангу гард аз ҳисоби вазиши шамол ба вуҷуд омадааст.
“Ин чангу ғубор танҳо дар қимасти шимоли кишвар ба вуҷуд омадааст ва дар қисмати ҷануб вазъ чунин нест. Ин ҳолати табиӣ аз ҳисоби дигар мамлакатҳо набуда, танҳо дар натиҷаи вазиши шамол аз тарафи шарқ ба вуҷуд омадааст”, - иброз намуд Ҳомидов.
Ин коршинос мегӯяд, ҳолати бавуҷудомада дар фасли тобистон то андозае сабаби пастшавии давои ҳаво хоҳад шуд. Зеро дар қисмати шарқии кишвар дар иҳотаи кӯҳҳои баланд ва наздикии Баҳри Арал ҷойгир буда, вазиши шамол гармии ҳароратро то ду - се дараҷа поён мебарад.
Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд аз 40-42 дараҷаи рӯзҳои гузашта то ба 37-39 дараҷа поин шудааст.
Ҳомидов таъкид намуд, зимни таҳқиқ маълум шудааст, ки миқдори паҳншавии чангу гарди ҳавои атмосферӣ дар Хуҷанд то ба 0,13 метри мукааб расидааст, ки ин рақам баланд арзёбӣ мешавад.
Коршиносони Маркази обуҳавосанҷии Суғд мегӯянд, то ин замон миқдори паҳншавии чанг дар навоҳии атрофи Суғд то 0,7 метри мукааб буд.
Панҳншавии чангу гард ба ҳавои атмосферии Суғд аз рӯзи зуҳри 19 июн шуруъ шуд ва ҳоло он шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Спитаменро фаро гирифтааст.
Масъулони Маркази обуҳавосанҷии Суғд гуфтанд, ки эҳтимол ин вазъ то санаи 21 июн давом кунад. Вазиши шамоли шимолӣ дар ин сана эҳтимолият дорад, ки боиси тозашавии ҳаво хоҳад шуд.
Қаблан ҚҲФ ҳушдор дод, ки то 24 июн ҳаво дар Тоҷикистон ниҳоят тафсон мешавад.