Нигаронии СҶБ аз коҳиши кумакҳои беҳдошти ба Афғонистон

© APРаненый из-за афганских обстрелов в Чамане, Пакистан
Раненый из-за афганских обстрелов в Чамане, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2023
Обуна шудан
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз вазъяити Афғонистон ҳушдор дод ва гуфт, ки коҳиши кумкҳои беҳдошти дармони ба мардуми ин кишвар оқибаитҳои ногувор дорад
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегуяд дар моҳи май ба 1,4 миллион афғонистонӣ хадамоти беҳдошти ироа карда аст аммо ҳануз бархе аз манотиқи Афғонистон ба хадамоти беҳдошти ва дармонӣ дастараси надоранд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ин ниҳоди кумакрасон дар гузориши ахири худ навиштааст, ки фаъолияти теъдоди зиёди аз марказҳои беҳдошти дар Афғонистон таълиқ шуда аст ва ҳимоят аз бемористонҳои бузург низ дар ҳоли коҳиш аст.
Ба гуфтаи ин созмон ин вазъият сабаби афзоиши марги беморон хоҳад шуд.
Ин созмон дар ҳоли нигаонии коҳиши кумакҳо ба бахши беҳдошт ва дармони Афғонистон аст, ки дар гузориши дигари аз афзоиши бемориҳои танафуси, исҳол, сиёҳ сурфа, сурхак ва таби данги дар миёни кудакон ва бузургсолони афғон нисбат ба гузашта хабар дода буд.
Aрипов Элдор Тахирович, Директор Института стратегических и межрегиональных исследований при Президенте Республики Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Орипов аз таъсиси долони Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон гуфт
Ин нигарониҳо дар ҳоли матраҳ мешаванд, ки бар асоси иттилоъоти СҶБ дар 29 вилояти Афғонистон ба 5 бемористони бузург, 100 дармонгоҳи бемориҳои сирояткунанда ва 205 маркази хадамоти беҳдошти манобеъи молӣ фароҳам мекунад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз таҳавулоти ахири Афғонистон кумакҳои ҷаҳони аз ҷумла дар бахши беҳдошту дармон ва омузиш коҳиши чашмгири дошта аст.
Лентаи хабарҳо
0