https://sputnik.tj/20230618/khatlon-panj-moh-nafar-kor-tamin-1057773950.html
Дар Хатлон давоми панҷ моҳ беш аз нӯҳ ҳазор нафар бо кор таъмин шуд
Дар Хатлон давоми панҷ моҳ беш аз нӯҳ ҳазор нафар бо кор таъмин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят мегӯяд, аз миёни 9796 нафар, ки бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, беш аз чор ҳазорашон занон мебошанд 18.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-18T09:30+0500
2023-06-18T09:30+0500
2024-01-27T15:20+0500
дар тоҷикистон
хатлон
иҷтимоъ
кор
агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060933680_0:157:3087:1893_1920x0_80_0_0_ba6109d83c68d4a5e2d3405462bf8d79.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон зарфи панҷ моҳи охири соли равон 9 796 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, хабар медиҳад "Фараж" бо истинод ба Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ.Бар хабари манбаъ, давоми ин муддат ба ниҳоди мазкур 16 179 нафар муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 14 831 кас ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуданд.Зикр гардид, ки 984 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 234 нафар ба корҳои фардӣ ҷалб карда шуданд Илова бар ин, дар ин муддат 2372 нафар аз ҷумла 741 зн ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар панҷ моҳи соли равон ба 1818 нафар ба маблағи 1,3 млн сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.Қаблан, Агентии омор аз коҳиши шумораи бекорон дар Тоҷикистон гуфт. Ба иттилои манбаъ, шумори шаҳрвандони бекоре, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман ба қайд гирифта шудаанд, ба охири моҳи феврали соли равон 51,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.Дар муқоиса бо моҳи феврали соли 2022 ин рақам 5,6% коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20230508/kohishi-sathi-bekori-tojikiston-1056966912.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060933680_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_2a77efd729ff51509882d73366832a98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, иҷтимоъ, кор, агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар тоҷикистон, хатлон, иҷтимоъ, кор, агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Дар Хатлон давоми панҷ моҳ беш аз нӯҳ ҳазор нафар бо кор таъмин шуд
09:30 18.06.2023 (Навсозишуда: 15:20 27.01.2024) Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят мегӯяд, аз миёни 9796 нафар, ки бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, беш аз чор ҳазорашон занон мебошанд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон зарфи панҷ моҳи охири соли равон 9 796 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, хабар медиҳад "Фараж" бо истинод ба Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
Бар хабари манбаъ, давоми ин муддат ба ниҳоди мазкур 16 179 нафар муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 14 831 кас ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуданд.
"Дар ин давра 9 796 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки аз онҳо 4 882 нафарашонро занон ташкил медиҳанд", - омадаааст дар хабарнома.
Зикр гардид, ки 984 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 234 нафар ба корҳои фардӣ ҷалб карда шуданд Илова бар ин, дар ин муддат 2372 нафар аз ҷумла 741 зн ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар панҷ моҳи соли равон ба 1818 нафар ба маблағи 1,3 млн сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.
Қаблан, Агентии омор аз коҳиши шумораи бекорон дар Тоҷикистон гуфт.
Ба иттилои манбаъ, шумори шаҳрвандони бекоре, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман ба қайд гирифта шудаанд, ба охири моҳи феврали соли равон 51,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар муқоиса бо моҳи феврали соли 2022 ин рақам 5,6% коҳиш ёфтааст.