Тоҷикистону Русия қасди таъсиси корхонаҳои саноатии муштаракро доранд

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Обуна шудан
Таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорирӣ дар мулоқоти Вазирони рушди иқтисоди Тоҷикистону Русия бррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тоҷикистон низ дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок дорад.
Ҷумҳуриро дар форуми мазкур як ҳайат таҳти роҳбрии Завқӣ Звқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо намояндагӣ мекунад, хабар дод котиботи ин ниҳод.
Манбъ афзуд, ки вазири тоҷик дар доираи форум бо Максим Решетников, вазири рушди иқтисоди Русия вохӯрӣ баргузор кард.
Зимни мулоқот вазирони ду кишвар иҷрои протоколҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, тақвияти ҳамкории дуҷониба бо Русия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Русия калонтарин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, даҳ соли охир дар сохтори гардиши савдои хориҷии мамлакат дар ҷойи аввал қарор дорад.
Президент РФ Владимир Путин на пленарном заседании Евразийского экономического форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Путин аз афзоиши назарраси тиҷорат бо кишварҳои дӯст гуфт
Соли 2022 гардиши савдои хориҷӣ байни давлатҳо 1,6 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 321 млн доллар фоиз афзоиш ёфт.
"Ин тамоюл дар 5 моҳи соли 2023 идома ёфта, гардиши савдои дуҷониба 16% рушд намуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Форуми иқтисодӣ чорабинии солонаи тиҷоратии Русия буда, аз соли 2005 инҷониб дар шаҳри Санкт-Петербург бо иштироки Владимир Путин баргузор мегардад.
Чорабинии имсола аз 14 июн сар шуда, чор рӯз идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0