Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хоруғ: бародар наҷот ёфту хоҳараш ғарқи об шуд

© КЧС ТаджикистанаКЧС вытаскивает машину из реки Пяндж
КЧС вытаскивает машину из реки Пяндж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Обуна шудан
То расидани кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мошинро бо кран аз дарё берун оварданд, вале дар дохили мошин аз мусофир дараке нест
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон садамаи маргбори нақлиёти рух дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, афзуд, ки мошин ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми садама дар дохили мошин 2 нафар: ронандаи 43-сола ва мусофири 39-сола, ҳарду сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданд.
Як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар мошин додару хоҳар, сокинони ноҳияи Шуғнон қарор доштанд ва пас аз сарозер шудани мошин ба дарё мард тавонист наҷот ёбад, вале хоҳараш натавонист аз об берун ояд.
Мусофирзан дар Русия чанд сол боз дар муҳоҷират буд ва тоза ба ватан баргаштаст.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Дар Тоҷикиситон се нафар ғарқ шуданд
КҲФ мегӯяд, мошинро тавассувти кран аз дарё берун оварданд, вале мусофирзан дар дохил набуд.
Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади зан идома дорад, мегӯяд КҲФ.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагонро даъват мекунад, ки: қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд.
Қаблан кормандони КҲФ ба аҳолии Тоҷикистон ҳушдор дода буданд, ки дар давраи аз 16 то 20 июн сатҳи об дар шохобҳои ҳавзаи рӯдхонаҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон боло меравад.
Инчунин, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел мавҷуд аст.
Лентаи хабарҳо
0