Дар Донишгоҳи миллӣ студияи телевизиони таълимӣ ифтитоҳ шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОборудование внутри фургона новой передвижной телевизионной студии в Душанбе
Оборудование внутри фургона новой передвижной телевизионной студии в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Обуна шудан
Бинои телевизиони таълимӣ бо таҷҳизоти навтарин барои сабт, наворбардорӣ, омода ва пахши барномаҳо муҷаҳҳаз аст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон телевизиони таълимӣ кушода шуд.
Дар ин бора дар як муассисаи олии таълимӣ хабар доданд. Гуфта мешавад, дар маросими тантанавӣ муовини сарфазири Тоҷикистон иштирок дошт ва ифтитоҳи студияи таълимӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.
Ҳамин тавр, дар студия машғулиятҳои амалии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷима гузаронида шуда, донишҷӯён ба кори телевизион тайёр карда мешаванд.
Дар ҳуҷра барои сабт, наворбардорӣ, омода ва пахши барномаҳо навтарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст.
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби хона шуданд
Интизор меравад, ки телевизион дар оянда ҳамчун базаи моддию техникии кулли омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ хидмат хоҳад кард.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки телевизиони таълимӣ дар беҳбудӣ ва баланд бардоштани сифати таълим саҳм мегузорад.
Қаблан, бо ҳузури муовини сарвазири мамлакат ва дигар мақомдорон ба 39 омӯзгори ин муассисаи таълимӣ манзилҳои истиқоматӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин ба 25 фарзанди кормандону омӯзгорони донишгоҳи мазкур аз номи роҳбари давлат туҳфаҳои ҷашнӣ тақдим гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0