Путин: Киев дар ҳамлаи ҷавобиаш шонсе ҳам надорад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия гуфт, ки режими имрӯзаи Киев талош дорад, ки ҳамлаи ҷавобиашро оғоз намояд, аммо барои он шонсе ҳам надоранд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Украина барои гузаронидани ҳамлаи ҷавобӣ талошҳои нав дорад, ҷангҳо дар ҳоли ҳозир идома дорад, аз ҷумла дар самти Запорожие, аммо Киев шонсе ҳам надорад.
“Ҳозир, вақте ки мо гап мезанем, дар самти Времевский як кӯшиши дигар (ҳуҷуми ҷавобӣ) сурат мегирад. Дар чанд бахш душман кӯшиш дорад, ки бо чанд гурӯҳ бо дастгирии панҷ танк ҳамла дорад. Дар самти Запорожие бо пуштибонии ду танк, чанд мошини зиреҳпӯш ҳамла идома дорад", - гуфт Путин дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
Вай гуфт, мо ба хати аввал наздик шудем, чанд танкро аз даст додем, дар айни замон ҷанг идома дорад.
“Ман фикр мекунам, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин ҷо шонсе надоранд, шонс ҳам нахоҳад буд. Мисли дигар самтҳо. Ман ҳам ба ин шубҳае нест,” - таъкид кард владимир Путин.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи Украина дар самтҳои Ҷануби Донетск, Запорожие, Артемовск 4 июн оғоз шуд, дар ҳоле, ки зарбаи асосии артиши Украина дар ҷабҳаи Запорожие мутамарказ шуда буд.
Президент РФ Владимир Путин на пленарном заседании Евразийского экономического форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Путин аз афзоиши назарраси тиҷорат бо кишварҳои дӯст гуфт
Киев гурӯҳҳои ҷангиро, ки бо кумаки мутахассисони НАТО омода шуданд ва бо техникаи Ғарб мусаллах буданд, ба хати ҷабҳа партофт. Мақсади ҳамлаи Киев ба гуфтаи фармондеҳи артиши 58-уми Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерал-майор Иван Попов, рахна кардани хати дифои Русия, ва расидани сарбозони украинӣ ба баҳри Азов мебошад.
Илова бар ин, қаблан Украина борҳо изҳор дошт, ки ҳадафи ҳамла дастрасӣ ба Қрим аст.
Лентаи хабарҳо
0