https://sputnik.tj/20230616/parlumoni-rusiya-dokhilshavi-donishjuyon-idm-sharoit-1057755169.html
Парлумони Русия барои дохилшавии донишҷӯёни ИДМ шароитҳои нав муҳайё кард
Парлумони Русия барои дохилшавии донишҷӯёни ИДМ шароитҳои нав муҳайё кард
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи Думаи давлатии Русия мехоҳад кадрҳои дохилиро, барои омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои ИДМ, ҳавасманд намоянд
2023-06-16T19:25+0500
2023-06-16T19:25+0500
2023-06-16T19:25+0500
русия
дар русия
идм
маориф
донишҷӯ
дохилшавӣ
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/43/1028444394_0:253:3072:1981_1920x0_80_0_0_b90cfe3df8f7c63803256c526428993a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Барои паҳн ва оммавӣ кардани забони русӣ дар макотиби кишварҳои ИДМ пешниҳод шудааст, ки мутахассисон аз Осиёи Марказиро дар Русия омода намоянд.Казбек Тайсаев бо чунин ташаббус дар Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури корҳои ИДМ иброз кардааст.Ӯ нақл кард, ки ҳоло лоиҳаи "Муаллими мактаб" таҳия мешавад.Мақсад аз ин идея омода кардани омӯзгорони соҳибихтисос мебошад, ки забони русӣ дарс медиҳанд.Вай ҳамчунин қайд кард, ки аз ҳисоби Русия ба таълими забони русӣ кадрҳои маҳаллиро бояд ҳавасманд кард.Қаблан дар Русия пешниҳод карда шуд, ки ба кӯдакони муҳоҷир забони русиро ройгон дарс диҳанд.Дар ин бора роҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, кӯдаке, ки забони русиро намедонад, наметавонад ба мактаб равад."Ӯ бояд дар курсҳои махсус забони русиро омӯзад. Ба мо курсҳо лозим аст, ба омӯзгорон маош диҳем. Ба пули кӣ? Ба пули худамон, ба пули буҷет. Агар муҳоҷирони фарзанддорро даъват мекунем, бояд барои ин кор пардохт намоем", - таъкид кард ӯ.Раиси Шӯрои ҳуқуқи башар инчунин бори дигар пешниҳод кард, ки дар бораи ҷорӣ кардани квота барои муҳоҷирон дар мактабҳо андеша карда шавад, зеро ба гуфтаи омӯзгорон, агар дар синф зиёда аз 20% шаҳрвандони хориҷӣ бошанд ин равандметавонад ба таълим осеб хоҳанд расонад.
https://sputnik.tj/20230605/tedod-donishjuyon-tojik-donishgoh-rusiya-1057561620.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102844/43/1028444394_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_ebf7b8a05bd104eda7860e2811128e02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, дума, идм, парлумон, донишҷӯ, шароит, муҳайё, дохилшавӣ
тоҷикистон, дума, идм, парлумон, донишҷӯ, шароит, муҳайё, дохилшавӣ
Парлумони Русия барои дохилшавии донишҷӯёни ИДМ шароитҳои нав муҳайё кард
Кумитаи Думаи давлатии Русия мехоҳад кадрҳои дохилиро, барои омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои ИДМ, ҳавасманд намоянд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Барои паҳн ва оммавӣ кардани забони русӣ дар макотиби кишварҳои ИДМ пешниҳод шудааст, ки мутахассисон аз Осиёи Марказиро дар Русия омода намоянд.
Казбек Тайсаев бо чунин ташаббус дар Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури корҳои ИДМ иброз кардааст.
Ӯ нақл кард, ки ҳоло лоиҳаи "Муаллими мактаб" таҳия мешавад.
Мақсад аз ин идея омода кардани омӯзгорони соҳибихтисос мебошад, ки забони русӣ дарс медиҳанд.
"Дар доираи лоиҳа ҷалби донишҷӯёни кишварҳои ИДМ барои гирифтани ихтисоси омӯзгор бо шарти бозгашти минбаъдаи онҳо ба кишварҳои худ барои таълими забони русӣ дар назар аст", - шарҳ дод вакил.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки аз ҳисоби Русия ба таълими забони русӣ кадрҳои маҳаллиро бояд ҳавасманд кард.
Қаблан дар Русия пешниҳод карда шуд, ки ба кӯдакони муҳоҷир забони русиро ройгон дарс диҳанд.
Дар ин бора роҳбари Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, кӯдаке, ки забони русиро намедонад, наметавонад ба мактаб равад.
"Ӯ бояд дар курсҳои махсус забони русиро омӯзад. Ба мо курсҳо лозим аст, ба омӯзгорон маош диҳем. Ба пули кӣ? Ба пули худамон, ба пули буҷет. Агар муҳоҷирони фарзанддорро даъват мекунем, бояд барои ин кор пардохт намоем", - таъкид кард ӯ.
Раиси Шӯрои ҳуқуқи башар инчунин бори дигар пешниҳод кард, ки дар бораи ҷорӣ кардани квота барои муҳоҷирон дар мактабҳо андеша карда шавад, зеро ба гуфтаи омӯзгорон, агар дар синф зиёда аз 20% шаҳрвандони хориҷӣ бошанд ин равандметавонад ба таълим осеб хоҳанд расонад.