https://sputnik.tj/20230616/nigaroni-maqomot-khatlon-intikhob-jobajoguzori-kadrho-viloyat-1057756814.html
Нигаронии мақомоти Хатлон аз интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар вилоят
Нигаронии мақомоти Хатлон аз интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар вилоят
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ХАтлон ба раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, чораҳои ҷиддӣ андешанд
2023-06-16T20:31+0500
2023-06-16T20:31+0500
2023-06-16T20:34+0500
дар тоҷикистон
хатлон
ҷобаҷогузорӣ
кадр
мушкилот
интихоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057756641_0:23:1678:967_1920x0_80_0_0_a1abd271e3de7faf923198dfa55e9e39.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар вилоят таҳти раёсати роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Муҳаммад Орифзода ҷаласаи корӣ баргузор шуд, ки дар он интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳодар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.Ба иттилои манбаъ, дар ин маҷлис сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, умумӣ ва махсус ва ҳуқуқшиносони дастгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.Қай карда шудааст, ки роҳбари дастгоҳи раиси вилоят доир ба мавзуъҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таҳлили фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи интизоми корӣ масъалагузорӣ намуд ва вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта аз масъулини шаҳру ноҳияҳо пурсиш карда шуд.Дар ҷаласа таъкид шуд, ки ба масъалаҳои таъминоти кадрӣ, иҷрои саривақтии асноди назоратӣ, амалишавӣ ва иҷрои талаботи қарору барномаҳо, консепсияву стратегияҳо дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд диққати зарурӣ зоҳир карда шавад.Мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додани асноди назоратӣ, саривақт ҷавоб гардондан ба ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шаҳру ноҳияҳо ирсол мегарданд, низ аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа буд.Гуфта шуд, ки бояд аз тарафи шахсони мутасаддӣ вобаста ба иҷрои талаботи ҳар як банди он масъулияти бештар зоҳир гардад.
https://sputnik.tj/20230615/tojiron-chin-sokhtmon-korkhona-pustu-pashm-meva-sabzavot-khatlon-1057730228.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057756641_0:0:1678:1260_1920x0_80_0_0_5b4caf104f69c595d3e2474769eccae5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, мақомот, интихоб, ҷобаҷогузорӣ, камбудӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, камбудӣ
тоҷикистон, хатлон, мақомот, интихоб, ҷобаҷогузорӣ, камбудӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, камбудӣ
Нигаронии мақомоти Хатлон аз интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар вилоят
20:31 16.06.2023 (Навсозишуда: 20:34 16.06.2023) Мақомоти Хатлон ба раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, чораҳои ҷиддӣ андешанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар вилоят таҳти раёсати роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Муҳаммад Орифзода ҷаласаи корӣ баргузор шуд, ки дар он интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳодар баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, дар ин маҷлис сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, умумӣ ва махсус ва ҳуқуқшиносони дастгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Қай карда шудааст, ки роҳбари дастгоҳи раиси вилоят доир ба мавзуъҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таҳлили фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи интизоми корӣ масъалагузорӣ намуд ва вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта аз масъулини шаҳру ноҳияҳо пурсиш карда шуд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки ба масъалаҳои таъминоти кадрӣ, иҷрои саривақтии асноди назоратӣ, амалишавӣ ва иҷрои талаботи қарору барномаҳо, консепсияву стратегияҳо дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд диққати зарурӣ зоҳир карда шавад.
Мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додани асноди назоратӣ, саривақт ҷавоб гардондан ба ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба шаҳру ноҳияҳо ирсол мегарданд, низ аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа буд.
Гуфта шуд, ки бояд аз тарафи шахсони мутасаддӣ вобаста ба иҷрои талаботи ҳар як банди он масъулияти бештар зоҳир гардад.