Мақомот гуфт раванди таҷдиди қитъаи роҳи Қизилқалъа-Бохтар дар чӣ ҳолат қарор дорад

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонГлава Хатлона и министр транспорта Таджикистана
Глава Хатлона и министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Обуна шудан
Лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар” аст, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамроҳ бо вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои вобаста ба таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар шинос шуданд.
Ба иттилои манбаъ, марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар”, ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, бо дарназардошти васеъкунии роҳ дар чор хатти ҳаракат, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Шоҳроҳи мазкур дар заминаи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Точикистон, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд гардида, дар навбати аввал бештар аз 75 км роҳ, шуруъ аз шаҳри Душанбе то пули дарёи Вахш, воқеъ дар ноҳияи Хуросон, таҷдиду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Тавре манбаъ хабар джодааст, сохтмончиён бо имкониятҳои хуби маблағгузорӣ дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур, махсусан ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои грантӣ бо маблағи умумии 3 миллиарду 349 миллион ени японӣ (тақрибан 31 миллиону 829 ҳазор доллари амрикоӣ) бунёди роҳро ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ ба анҷом расониданд.
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Нияти тоҷирони Чин барои сохтмони корхонаи пусту пашм ва меваю сабзавот дар Хатлон
Манбаъ қайд кардааст, ки сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказиро бештар намуда, Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақа ва бандарҳои баҳрӣ пайваст мекунад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулони ширкати “СИ ТИ АЙ” ва пудратчии лоиҳа ширкати “ДАЙ НИППОН”-и кишвари Ҷопон ва ҳамаи сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои роҳсозӣ изҳори сипос кард.
“Ҳадафи асосии Ҳукумати Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои хушсохту замонавӣ, ин беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиёт, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад”, - зикр кард раиси вилоят.
Лентаи хабарҳо
0