Утоқи муштараки фарҳанги Эрон – Афғонистон ба номи Фирдавсӣ таъсис мешавад

© Информационный портал РСО-АланияПамятник автору эпической поэмы "Шахнаме" торжественно открыли в СОГУ
Памятник автору эпической поэмы Шахнаме торжественно открыли в СОГУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Обуна шудан
Дар ояндаи наздик корҳо эҷоди утоқи муштараки фарҳанги Фирдавсӣ ниҳоӣ мешавад ва ин утоқ ба зуди фаъолияти худро оғоз хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Сарконсули Эрон дар Ҷалолободи Афғонистон Маҷидӣ Cодиқӣ гуфт, дар нишасти муштарак бо мавлавии Нурмуҳаммад Ҳанифӣ, раиси иттилооту фарҳанги вилояти Нангарҳор суҳбатҳои аввалия дар хусуси эҷоди утоқи муштараки фарҳанги Фирдавсӣ Эрон - Афғонистон дар ин вилоят сурат гирифт.
“Тавофуқ ба амал омад, ки корҳои боқимонда эҷоди ин утоқ ниҳоӣ шавад ва амалан ин утоқ фаъолияташро ба зудӣ оғоз хоҳад кард”, афзуд вай.
Оқои Содиқӣ гуфт, ки раиси иттилооту фарҳанги вилояти Нангарҳор, ки ба тозагӣ аз сафар, иштирок дар намоишгоҳи китоби Теҳрон баргаштау хотироти хубу мусбатро аз ин намоишгоҳ бо худ овардааст дар хусуси пешниҳодҳое, ки дар Теҳрон ба масъулони умур ироа дода, суҳбат карду тавофуқ ба амал омад то ин пешниҳодҳоро сарконсулгарӣ пайгирӣ кунад.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Афғонистон, муҳоҷирон ва савдо: натиҷаҳои сафари Лавров ба Душанбе
Сарконсули Эрон дар ҷалолобод ҳамчунон гуфт, ки намояндаи ҳукумати толибҳо фароҳам шудани заминаи сафари асҳоби расонаҳои маҳаллии ин вилоят ба Эронро хостор шуд, ки аз ҷониби мо итминони пайгирӣ ва фароҳам шудани заминаи сафар барояшон дода шуд.
Масъулони идораи иттилоот ва фарҳанги вилояти Нангарҳор низ бо нашри эъломияе, нишасти муштараки байни раиси иттилооту фарҳанг ва сарконсули Эрон дар Ҷалолободро мусбат ва муассир хонда ва аз ҷониби идораи ёд шуда итминон дод суҳбатҳо ва тавофуқоти ин нишаст пайгирӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0