https://sputnik.tj/20230614/tavsea-hamkori-safar-vakiloni-parlumon-rusiya-dushanbe-1057720828.html
Талош барои тавсеаи ҳамкорӣ: Сафари вакилони парлумони Русия ба Душанбе
Талош барои тавсеаи ҳамкорӣ: Сафари вакилони парлумони Русия ба Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вакилони парлумони Тоҷикистону Русия дар Душанбе равобити дуҷонибаи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо, бахусус ҳамкориҳои парлумониро баррасӣ намуданд
2023-06-14T19:59+0500
2023-06-14T19:59+0500
2023-06-14T20:32+0500
дар тоҷикистон
душанбе
ҳамкорӣ
парлумонӣ
вакилон
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе вакилони парлумони Тоҷикистон бо ҳамтоёни руси худ дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон.Ба иттилои манбаъ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи дифои Думаи давлатӣ, ҳамоҳангсози гурӯҳи вакилон оид ба робита бо парлумони Тоҷикистон Юрий Швиткин мулоқот намуд.Манбаъ мегӯяд дар мулоқот равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар ҳамаи заминаҳо, бахусус ҳамкории парлумонӣ баррасӣ карда шуд.Таъкид шуд, ки боздиди вакилон аз давлатҳои ҳамдигар ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар тамоми арсаҳо заминаи мусоид фароҳам овард.Ҳамчунин ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи робитаҳои парлумонии ду давлат дар тамоми самтҳо изҳори умедворӣ намуданд.Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Русия иштирок намуданд.Ин ҳам дар ҳолестӣ, ки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ низ бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Русия мулоқот намуд.
https://sputnik.tj/20230609/pardokht-qr-kod-bonkho-rusiya-tojikiston-dastras-1057649679.html
душанбе
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таджикистан, сафар, душанбе, музокирот, ҳамкорӣ, парлумон, равобит, ду кишвар
таджикистан, сафар, душанбе, музокирот, ҳамкорӣ, парлумон, равобит, ду кишвар
Талош барои тавсеаи ҳамкорӣ: Сафари вакилони парлумони Русия ба Душанбе
19:59 14.06.2023 (Навсозишуда: 20:32 14.06.2023) Вакилони парлумони Тоҷикистону Русия дар Душанбе равобити дуҷонибаи ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо, бахусус ҳамкориҳои парлумониро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе вакилони парлумони Тоҷикистон бо ҳамтоёни руси худ дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон.
Ба иттилои манбаъ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи дифои Думаи давлатӣ, ҳамоҳангсози гурӯҳи вакилон оид ба робита бо парлумони Тоҷикистон Юрий Швиткин мулоқот намуд.
Манбаъ мегӯяд дар мулоқот равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар ҳамаи заминаҳо, бахусус ҳамкории парлумонӣ баррасӣ карда шуд.
Таъкид шуд, ки боздиди вакилон аз давлатҳои ҳамдигар ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар тамоми арсаҳо заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳамчунин ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи робитаҳои парлумонии ду давлат дар тамоми самтҳо изҳори умедворӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Русия иштирок намуданд.
Ин ҳам дар ҳолестӣ, ки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ низ бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Русия мулоқот намуд.