Қимати гази моеъ дар шимоли Тоҷикистон поин рафт

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗаправочные пистолеты на мультизаправочном комплексе АЗС
Заправочные пистолеты на мультизаправочном комплексе АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Обуна шудан
Қимати гази моеъ, яке аз арзонтарин ва серистифодаи навъи маводи сухт дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир дар ҳоли коҳишёбӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд нархи гази моеъ арзонтар шудааст.
Ҳоло дар маркази маъмурии вилояти Суғд қимати ин навъи сӯзишвориро аз 20 то 30 дирам нисбат ба рӯзи қаблӣ поинтар мефурӯшанд.
Бино ба гуфтаи кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ коҳишёбии қимати газ сар аз рӯзи гузашта 13 июн мушоҳида мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Sugdnews”.
Дар таблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҳоли ҳозир як литр гази моеъ бо нархи 3,80-3,90 сомонӣ нишон дода мешавад.
Президент Азербайджанской Республики Ильхам Алиев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Аз транзит то коркарди конҳои нафту газ: Раҳмон гуфт бо Алиев дар бораи чӣ суҳбат кард
Дар ҳоле, ки як рӯз пеш қимати ин навъи сӯзишворӣ 4-4,10 сомониро ташкил медод.
Зимнан арзиши бензини АИ 92 – 9, 00 сомонӣ, АИ 95 – 9, 30 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 10, 50 сомонӣ аст.
Гази моеъ дар муқоиса ба бензин ва дизел як навъи нисбатан арзони маводи сӯхт гуфта мешавад ва ба ҳамин далел бештари худравҳо дар Тоҷикистон тавассути он ҳаракат мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе оморҳо, беш аз 60 дарсади мошинҳо аз гази моеъ истифода мекунанд.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0