Путин гуфт, Русия ниёз бар ҷорӣ кардани ҳукумати низомӣ надорад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Обуна шудан
Раҳбари Русия ахиран эълон карлд, ки дар русия ҳукумати низомӣ ҷорӣ карда намешавад ва барои он дар кишвар зарурате ҳам нест
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо рӯзноманигорони низомӣ дар Кремл гуфт, кишвар ниёз бар ҷорӣ кардани ҳукумати низомӣ надорад.
"Ҷорӣ кардани ягон намуди режими вижа, вазъи низомӣ дар маҷмӯъ дар кишвар маъно надорад", - гуфт президент.
Режими Киев бо ҳамла ба вилояти Белгород талош дорад таваҷҷуҳи Русияро аз дигар нуктаҳои муҳими Украина бубарад, аммо мо бояд ҳама корҳоро барои ҳифзи шаҳрвандони худ анҷом диҳем, гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.
Президент ҳамчунин қайд кард, ки имкони тирборон кардани қаламрави Русия аз қаламрави Украина вуҷуд дорад.
Президента РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Артиши Украина ҳангоми ҳамлаи ҷавобӣ 160 тонкро аз даст доданд
Аз 24 феврали соли 2022 вилояти Белгород борҳо аз ҷониби нерӯҳои Украина тирборон шудааст. Аз 11 апрели соли гузашта дар саросари вилояти Белгород сатҳи баланди (зард) таҳдиди террористӣ амал мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз демилитаризатсия ва нозизудоии Украина иборатанд.
Кишварҳои ғарбӣ қасд доранд, ки барои ноором кардани вазъ дар минтақа ба Киев силоҳу муҳимот интиқол диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0