https://sputnik.tj/20230613/pahlavon-tojikiston-mizbon-chempionat-osiyo-kushti-1057695282.html
Бо ҳузури садҳо паҳлавон: Тоҷикистон мизбони нахустин Чемпионати Осиё оид ба куштӣ мешавад
Бо ҳузури садҳо паҳлавон: Тоҷикистон мизбони нахустин Чемпионати Осиё оид ба куштӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Тоҷикистон якумин Чемпионати Осиё оид ба "куштӣ баргузор мешавад, ки дар он беш аз садҳо паҳлавон қуваозмои хоҳанд кард
2023-06-13T17:30+0500
2023-06-13T17:30+0500
2023-06-13T19:05+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
гуштигирӣ
куштӣ
душанбе
мусобиқа
осиё
паҳлавон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/81/1029908161_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_ef6a2e01adef26b83c4817609efaa859.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тавре Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, маросими ифтитоҳи мусобиқа 27 июнӣ дар Қасри тенниси пойтахт баргузор мешавад.Вай таъкид кард, ки дар ин мусобиқа дар маҷмӯъ 60 паҳлавони тоҷик ҳам мард ва зан ширкат хоҳад кард.Вай таъкид кард, ҳамчунин дар мусобиқаи мазкур беш аз 100 паҳлавон аз 27 кишвари Осиё қуваозмоӣ хоҳанд кард.Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъкид кардаст, ки мусобиқаи мазкур ба хотири хусусияти баналмилалӣ гирифтани гӯштини миллӣ - "Гӯштингирӣ" ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бозиҳои варзишӣ, муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ "куштӣ" ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ниҳодҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.Барои барандагони мусобиқа ҷоизаи пулӣ пешбинӣ шудааст.Дар ин мусобиқа паҳлавонони номдори Тоҷикистон Мулораҷаб Халифаев, Наврӯз Каримзод ва ғайра иштирок хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 куштии миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20230320/gholibon-jom-rais-dushanbe-kushti-malum-1055633867.html
https://sputnik.tj/20220520/zanozani-musobiqa-kushti-maskav-1048592865.html
душанбе
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102990/81/1029908161_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2500166862ffbf96db7d2bf5c78aa14f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чемпионат, осиё, куштӣ, мизбон, душанбе, гуштингирӣ, паҳлавон
тоҷикистон, чемпионат, осиё, куштӣ, мизбон, душанбе, гуштингирӣ, паҳлавон
Бо ҳузури садҳо паҳлавон: Тоҷикистон мизбони нахустин Чемпионати Осиё оид ба куштӣ мешавад
17:30 13.06.2023 (Навсозишуда: 19:05 13.06.2023) Дар пойтахти Тоҷикистон якумин Чемпионати Осиё оид ба "куштӣ баргузор мешавад, ки дар он беш аз сад паҳлавон қувваозмоӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тавре Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, маросими ифтитоҳи мусобиқа 27 июнӣ дар Қасри тенниси пойтахт баргузор мешавад.
Вай таъкид кард, ки дар ин мусобиқа дар маҷмӯъ 60 паҳлавони тоҷик ҳам мард ва зан ширкат хоҳад кард.
Вай таъкид кард, ҳамчунин дар мусобиқаи мазкур беш аз 100 паҳлавон аз 27 кишвари Осиё қуваозмоӣ хоҳанд кард.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъкид кардаст, ки мусобиқаи мазкур ба хотири хусусияти баналмилалӣ гирифтани гӯштини миллӣ - "Гӯштингирӣ" ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бозиҳои варзишӣ, муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ "куштӣ" ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ниҳодҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Барои барандагони мусобиқа ҷоизаи пулӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷойи аввал – 5 ҳазор доллар
Ҷойи дуюм – 3 ҳазор доллар
Ҷойи сеюм – 2 ҳазор доллар
Дар ин мусобиқа паҳлавонони номдори Тоҷикистон Мулораҷаб Халифаев, Наврӯз Каримзод ва ғайра иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 куштии миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд.