Бидуни дудилагӣ: Лукашенко гуфт, дар кадом сурат аз силоҳи ҳастаӣ кор мегирад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Президент Беларуси Александр Лукашенко
 Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Обуна шудан
Президенти Беларус мегӯяд, танҳо як сабаб метавонад ӯро маҷбур ба ин созад, ки бидуни дудилагӣ аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тасмими истифодаи силоҳи ҳастаии тактикӣ дар сурати таҷовуз алайҳи Беларус бидуни дудилагӣ қабул хоҳад шуд, гуфт рӯзи сешанбе президенти ҷумҳурӣ Александр Лукашенко.
"Худо накунад, ман маҷбур мешавам, дар замони муосир тасмим бигирам, ки ин силоҳҳоро истифода барам. Аммо ҳеҷ дудилагӣ нахоҳад буд, агар танҳо таҷовуз алайҳи мо бошад", - менависад Sputnik Беларус аз қавли Лукашенко.
Раисиҷумҳури Беларус дар бораи сабабҳои истиқрори силоҳи ҳастаии тактикӣ дар Беларус тавзеҳ дод, ки ин зарур аст, то "дигар пои бархе аз ҳаромкорон ба хоки Беларус нарасад".
Ба гуфтаи Лукашенко, метавонад танҳо як сабаби истифода аз ин силоҳ бошад - таҷовуз алайҳи Беларус.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Лукашенко гуфт, ки худаш аз Русия силоҳи ҳастаӣ талаб кардааст
"Ҷавоб низ фавран хоҳад буд. Ман инро қаблан чанд маротиба гуфта будам", - гуфт ӯ.
"Фикр намекунам, ки касе намехоҳад бо кишваре, ки чунин силоҳ дорад, биҷангад. Ин як силоҳи боздоранда аст", - афзуд раисиҷумҳури Беларус.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта буд, ки таъмини амният дар соҳаи низомиву ҳастаӣ барои Беларус ва Федератсияи Русия ба далели сиёсати НАТО ва тағйироте, ки дар доираи амнияти Аврупо ба амал омадаанд, як қадами маҷбурӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0