https://sputnik.tj/20230613/korshinoson-sahm-muhojiron-iqtisod-rusiyaro-arzyobi-1057687454.html
Коршиносон саҳми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди Русияро арзёбӣ карданд
Коршиносон саҳми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди Русияро арзёбӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа шарикони муҳими “ҳамкориҳои имтиёзнок” бо Федератсияи Русия мебошанд
2023-06-13T14:58+0500
2023-06-13T14:58+0500
2023-06-13T14:58+0500
муҳоҷират
дар русия
иқтисод
коршиносон
таҳлил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1d/1057416654_0:270:3076:2001_1920x0_80_0_0_9d6949b3c49cbca4cd021d89c46a7510.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Саҳми муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иқтисоди Русия дар сатҳи 8-10% ММД арзёбӣ мешавад.Дар ин бора хабаргузории "Деловой Петербург" бо истинод ба таҳқиқоти коршиносон гузориш медиҳад. Гуфта мешавад, ки муҳоҷирати корӣ барои ҳар ду ҷониб судманд аст: интиқоли пул аз Русия аз 12% то 30%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳое чун Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа шарикони муҳими "ҳамкориҳои имтиёзнок" бо Федератсияи Русия мебошанд. Ҷонибҳо аз ҷиҳати наздикии ҷуғрофӣ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ, ошноии байнишахсӣ ва забони русӣ ҳамчун воситаи муошират пайваст мекунанд. Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфта буд, ки Русия тақрибан ҳамеша дархостҳои Тоҷикистон дар мавриди афви муҳоҷирони кориро иҷро мекунад. "Мо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ сӯҳбат кардем. Ин масъалаҳоро дар чаҳорчӯби хати муқарраркардаи президентҳо мунтазам баррасӣ мекунем. Мо қариб ҳамеша дархостҳо дар бораи ба истилоҳ афвро қонеъ мекунем", - гуфт дипломат.
https://sputnik.tj/20230608/natija-safar-lavrov-dushanbe-1057630332.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1d/1057416654_190:0:2919:2047_1920x0_80_0_0_2dedc8f3e054a6372223239aaedfbd58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршиносон саҳм муҳоҷирон иқтисод русия арзёбӣ
коршиносон саҳм муҳоҷирон иқтисод русия арзёбӣ
Коршиносон саҳми муҳоҷирони корӣ дар иқтисоди Русияро арзёбӣ карданд
Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа шарикони муҳими “ҳамкориҳои имтиёзнок” бо Федератсияи Русия мебошанд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Саҳми муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иқтисоди Русия дар сатҳи 8-10% ММД арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора хабаргузории "Деловой Петербург" бо истинод ба таҳқиқоти коршиносон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки муҳоҷирати корӣ барои ҳар ду ҷониб судманд аст: интиқоли пул аз Русия аз 12% то 30%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳое чун Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа шарикони муҳими "ҳамкориҳои имтиёзнок" бо Федератсияи Русия мебошанд.
Ҷонибҳо аз ҷиҳати наздикии ҷуғрофӣ, робитаҳои таърихию фарҳангӣ, ошноии байнишахсӣ ва забони русӣ ҳамчун воситаи муошират пайваст мекунанд.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфта буд, ки Русия тақрибан ҳамеша дархостҳои Тоҷикистон дар мавриди афви муҳоҷирони кориро иҷро мекунад.
"Мо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ сӯҳбат кардем. Ин масъалаҳоро дар чаҳорчӯби хати муқарраркардаи президентҳо мунтазам баррасӣ мекунем. Мо қариб ҳамеша дархостҳо дар бораи ба истилоҳ афвро қонеъ мекунем", - гуфт дипломат.