https://sputnik.tj/20230613/almaato-avvalin-musobiqa-kushtingiri-barpo-1057685415.html
Дар Алмаато аввалин мусобиқаи куштингирӣ барпо гардид
Дар Алмаато аввалин мусобиқаи куштингирӣ барпо гардид
Sputnik Тоҷикистон
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ бахшида ба 30-умин солгарди равобити дипломатии ду кишвар беш аз 28 куштигири ҳирфаӣ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон рӯи қолин вохӯрданд
2023-06-13T12:29+0500
2023-06-13T12:29+0500
2023-06-13T12:42+0500
алмаато
дар тоҷикистон
қазоқистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047021344_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_745184a753f0c86c495b72102dee8f4e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Нахустин мусобиқаи куштии тоҷикӣ дар Қазоқистон баргузор шуд. Ин чорабинӣ бо ибтикори Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато баргузор шуд. Раёсати дипломатии Тоҷикистон хабар дод, ки мусобиқаҳо ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар бахшида шуданд. Дар чорабинӣ беш аз 100 нафар меҳмонон, аз ҷумла аз Ассамблеяи мардумии Қазоқистон, роҳбарону фаъолони марказҳои фарҳангӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат доштанд. Дар болои қолин беш аз 28 гуштигири ҳирфаӣ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрданд. Ба ғолибони мусобиқа медал, ҷоиза ва медалҳои пулӣ барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мувофиқан ба маблағи 100 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор танга сарфароз гардонида шуданд.Куштӣ як варзиши суннатии миллии тоҷикӣ буда, таърихи хеле қадима дорад ва дар он рақибон камарбанди якдигарро медоранду рақобат мекунанд.
https://sputnik.tj/20221218/navras-tojik-piruz-musobiqa-baynalmilali-1053602889.html
алмаато
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/17/1047021344_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_08c3a6e0b51dd7995d0593e8d51d1ee6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
алмаато мусобиқа куштингирӣ
алмаато мусобиқа куштингирӣ
Дар Алмаато аввалин мусобиқаи куштингирӣ барпо гардид
12:29 13.06.2023 (Навсозишуда: 12:42 13.06.2023) Дар чаҳорчӯби чорабинӣ бахшида ба 30-умин солгарди равобити дипломатии ду кишвар беш аз 28 куштигири ҳирфаӣ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон рӯи қолин вохӯрданд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Нахустин мусобиқаи куштии тоҷикӣ дар Қазоқистон баргузор шуд.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато баргузор шуд.
Раёсати дипломатии Тоҷикистон хабар дод, ки мусобиқаҳо ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар бахшида шуданд.
Дар чорабинӣ беш аз 100 нафар меҳмонон, аз ҷумла аз Ассамблеяи мардумии Қазоқистон, роҳбарону фаъолони марказҳои фарҳангӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ширкат доштанд.
Дар болои қолин беш аз 28 гуштигири ҳирфаӣ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрданд.
Ба ғолибони мусобиқа медал, ҷоиза ва медалҳои пулӣ барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мувофиқан ба маблағи 100 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор танга сарфароз гардонида шуданд.
Куштӣ як варзиши суннатии миллии тоҷикӣ буда, таърихи хеле қадима дорад ва дар он рақибон камарбанди якдигарро медоранду рақобат мекунанд.