Афзоиши тавлидот дар дуюмин корхонаи калонтарини шаҳри Гулистон “Апрелевка”

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдкорхонаи "Апрелевка"
корхонаи Апрелевка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Обуна шудан
Мақомоти суғд мегӯяд, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи стратегии кишвар дар корхонаи "Апрелевка" тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи самаранок аз иқтидорҳои истеҳсолӣ нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст.​
Иттилоъ дода шудааст, ки корхонаи муштараки "Апрелевка" дуюмин корхонаи калонтарини шаҳри Гулистон ба ҳисоб рафта, дар 5 моҳи соли равон ба маблағи 81,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон давоми панҷ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 1 млрд. 717 млн. 304 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, корхонаҳо​ бо 16 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доранд.
Ҳамзамон ахиран мақомоти вилояти Суғд дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бо фаъолияти корхонаи хурди заргарии “Зари тоҷик” шинос шуданд.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Баҳои Раҳмон ба кори вазорати саноат ва дастур ба Шералӣ Кабир
Ин коргоҳ аз соли 2012 инҷониб фаъолият дорад. Дар он​ истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ, тиллову нуқра ва дигар металҳои қимматбаҳо ба роҳ монда шудааст.
Раҳбарияти ин коргоҳ таъкид намудааст, ки корхона минбаъд бо дизайни нав ва мутобиқ ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол ва барои фурӯш омода карда мешавад.
Расиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки дар оянда армуғонҳои миллӣ низ омода ва барои рушду пешрафти корхона мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0