Wildberries барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон омодагӣ мегирад

© Sputnik / Ирина Алтухова / Гузариш ба медиабонкПунктов выдачи интернет-заказов Wildberries
Пунктов выдачи интернет-заказов Wildberries - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2023
Обуна шудан
Имкони роҳандозии хизматрасонӣ аз қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ, шаффофияти танзими гумрукӣ ва мавҷудияти инфрасохтори логистикӣ вобаста аст
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Платформаи онлайни тиҷоратии Русия Wildberries имкони роҳандозии хадамот дар Тоҷикистонро меомӯзад.
Дар ин бора хабаргузории Trend.az бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкат хабар додааст.
"Мо аксар вақт аз соҳибкорони маҳаллӣ дар бораи оғози фаъолият дар кишвар дархостҳо мегирем, ки ин ба баррасии масъалаи ворид шудан ба бозори маҳаллӣ таъсири назаррас мерасонад", - гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.
Таъкид мешавад, ки имкони роҳандозии ин хадамот пеш аз ҳама ба қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ, шаффофияти танзими гумрукӣ ва мавҷудияти инфрасохтори логистикӣ вобаста аст.
Wildberries лого - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2023
Wildberries мехоҳад ба бозори Тоҷикистон роҳ ёбад
"Дар марҳилаи кунунӣ мо рӯйи масоили таъминоти логистикӣ ва шароити гумрукӣ дар Тоҷикистон кор карда истодаем. Пас аз ин тартиб ва авлавияти ифтитоҳи платформа дар кишвар муайян карда мешавад", - гуфтанд дар ширкат.
Айни замон Wildberries дар 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон фаъолият мекунад.
Қаблан дар бораи нақшаҳои ширкат бобати тавсеаи кори бозор дар Тоҷикистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон хабар дода шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0