Мунтахаби Тоҷикистон бозиро бо тими Туркманистон дар Ҷоми миллатҳои CAFA мусовӣ кард

© ФФТНациональная сборная Таджикистана
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2023
Обуна шудан
Дар даври навбатӣ тими Тоҷикистон бо тими Уммон вомехӯрад, бозӣ дар назар аст, ки 14 июн дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и Тошканд баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиро дар даври аввали мусобиқоти Ҷоми миллатҳои CAFA - 2023 бо тими Туркманистон мусовӣ анҷом дод.
Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Бозигарон туркман ҳам дар ҳуҷум ва ҳам дар мудофиа маҳорати хуб нишон доданд, ҳол он ки аксар вақт туб дар нимаи майдони онҳо буд. Аммо дар дақиқаи 57-ум маҳз сабзпӯшон ба дарвозаи яккачини Тоҷикистонро рахна карда, ҳисобро боз карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон танҳо дар охири вақти асосӣ тавонист гол занад. Дар дақиқаи 86-ум Нуриддин Ҳамроқулов аз масофаи наздик зарба зада, ҳисобро баробар кард.
Бозии Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и Тошканд баргузор шуд.
Матч Афганистан - Кыргызстан. Кубок наций CAFA - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
"CAFA Nations Cup-2023": тими Афғонистон бо нишони эътироз тарки майдон намуд
Дар даври баъдӣ тими Тоҷикистон бо тими Уммон вомехӯрад, бозӣ 14-уми июн дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин бозии Ҷоми CAFA Nations Cup, ки дар он дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон бо ҳам вохӯрданд, бо барвақттар аз майдон рафтани афғонисиониҳо анҷом ёфт.
Вақте ки дар дақиқаи 97-ум Эрнист Ботурхонови қирғиз ба дарвоза наздик шуда, бо ҳимоятгар бархӯрда, гол зад, тими Афғонистон майдонро тарк кардан, зеро ба назари мураббӣ туб аз дасти бозигари ҳариф расидааст.
Бо вуҷуди эътироз, бо қарори доварон пирӯзӣ бо ҳисоби 1:0 ба тими миллии Қирғизистон дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0