https://sputnik.tj/20230611/ka-52-zirehpushhoi-ukrainaro-nobud-kard---video-1057671611.html
Чӣ гуна Ка-52 зиреҳпӯшҳои Украинаро нобуд кард - видео
Чӣ гуна Ка-52 зиреҳпӯшҳои Украинаро нобуд кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Русия видеои амалиёти чархболҳои иктишофӣ ва ҳамлагари "Ка-52" маъруф ба "Аллигатор" дар минтақаи амалиёти низомиро нашр кард
2023-06-11T18:30+0500
2023-06-11T18:30+0500
2023-06-11T18:31+0500
видео
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
чархбол
зарба
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0b/1057671442_14:0:1328:739_1920x0_80_0_0_d731a8fd701b095587e3eb5232097a24.jpg
Чархболҳои "Ка-52" дар минтақаи амалиёти низомӣ, мошинҳои зиреҳпӯши Украинаро ошкор карда, мавриди зарба қарор додааст. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия бо нашри як навор иттилооъ дода, афзуд, ки зиреҳпӯшҳои украинӣ бо ҳайаташон аз зарбаи "Аллигатор" нобуд карда шуданд. Таъкид шудааст, ки халабонҳои чархболҳои иктишофӣ ва ҳамлагари "Ка-52" бо ошкор кардани пешравии мошинҳои зиреҳпӯши рақиб бо мушакҳои идорашаванда ба онҳо зарба заданд. Дар натиҷа ҳадди ақал 3 мошини зиреҳпӯши ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳамроҳ бо экипажҳояш бо зарбаҳои дақиқ нобуд гардиданд.Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои украинӣ вақтҳои охир талоши ҳамлаи ҷавобӣ доранд, аммо Вазорати дифои Русия мегӯяд, ҳамаи талошҳо барбод дода шуданд.Вазорати мудофиа аз талоши номуваффақи ҳамлаи нерӯҳои Украина хабар дод Қаблан Вазорати дифоъ гуфта буд, чархболҳои "Ка-52" барои иҷрои вазифаҳои ҷангии гузошташуда, ҷуфт-ҷуфт фиристода мешаванд, то ҳамдигарро дар осмон пуштибонӣ намоянд. Зикр шудааст, ки чархболҳо аз масофаи чандин километр ба техникаю нерӯи рақиб зарба мезананд.Илова бар ин чархболҳо қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ карда, ба мошинҳои зиреҳпӯш, инфрасохтори зарбӣ, нерӯ ва амволи низомии рақиб зарба мезананд. Пуштибонии нерӯҳои заминӣ аз вазифаҳои дигари ин чархболҳо дар амалиёти низомӣ арзёбӣ гардидааст.Зикр мешавад, ки парвозҳо дар баландии камтар аз замин анҷом дода мешаванд ва ҳар бори мушоҳидаи партоби мушкии рақиб чархболҳо амалиёти ҷавобӣ анҷом медиҳанд, то эмин бимонанд.Халабонҳо мегӯянд, ба далели ҳаҷми хурд ва қобилияти хуби ҳаракати ҳартарафа мушоҳида кардани "Ка-52" аз замин нисбатан мушкилтар мебошад. Таъкид гардид, ки ҳар бор масири парвозҳо иваз карда мешаванд, то рақиб камин нагирад.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0b/1057671442_179:0:1164:739_1920x0_80_0_0_506637476db5b74b447c942d553b7525.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навор, нобудсозӣ, зиреҳпӯш, ҷангӣ, украина
навор, нобудсозӣ, зиреҳпӯш, ҷангӣ, украина
Чӣ гуна Ка-52 зиреҳпӯшҳои Украинаро нобуд кард - видео
18:30 11.06.2023 (Навсозишуда: 18:31 11.06.2023) Вазорати мудофиаи Русия видеои амалиёти чархболҳои иктишофӣ ва ҳамлагари "Ка-52" маъруф ба "Аллигатор" дар минтақаи амалиёти низомиро нашр кард
Чархболҳои "Ка-52" дар минтақаи амалиёти низомӣ, мошинҳои зиреҳпӯши Украинаро ошкор карда, мавриди зарба қарор додааст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия бо нашри як навор иттилооъ дода, афзуд, ки зиреҳпӯшҳои украинӣ бо ҳайаташон аз зарбаи "Аллигатор" нобуд карда шуданд.
Таъкид шудааст, ки халабонҳои чархболҳои иктишофӣ ва ҳамлагари "Ка-52" бо ошкор кардани пешравии мошинҳои зиреҳпӯши рақиб бо мушакҳои идорашаванда ба онҳо зарба заданд.
Дар натиҷа ҳадди ақал 3 мошини зиреҳпӯши ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳамроҳ бо экипажҳояш бо зарбаҳои дақиқ нобуд гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои украинӣ вақтҳои охир талоши ҳамлаи ҷавобӣ доранд, аммо Вазорати дифои Русия мегӯяд, ҳамаи талошҳо барбод дода шуданд.
Қаблан Вазорати дифоъ гуфта буд, чархболҳои "Ка-52" барои иҷрои вазифаҳои ҷангии гузошташуда, ҷуфт-ҷуфт фиристода мешаванд, то ҳамдигарро дар осмон пуштибонӣ намоянд. Зикр шудааст, ки чархболҳо аз масофаи чандин километр ба техникаю нерӯи рақиб зарба мезананд.
Илова бар ин чархболҳо қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ карда, ба мошинҳои зиреҳпӯш, инфрасохтори зарбӣ, нерӯ ва амволи низомии рақиб зарба мезананд. Пуштибонии нерӯҳои заминӣ аз вазифаҳои дигари ин чархболҳо дар амалиёти низомӣ арзёбӣ гардидааст.
Зикр мешавад, ки парвозҳо дар баландии камтар аз замин анҷом дода мешаванд ва ҳар бори мушоҳидаи партоби мушкии рақиб чархболҳо амалиёти ҷавобӣ анҷом медиҳанд, то эмин бимонанд.
Халабонҳо мегӯянд, ба далели ҳаҷми хурд ва қобилияти хуби ҳаракати ҳартарафа мушоҳида кардани "Ка-52" аз замин нисбатан мушкилтар мебошад. Таъкид гардид, ки ҳар бор масири парвозҳо иваз карда мешаванд, то рақиб камин нагирад.