Донишгоҳи тиббиро беш аз 2 ҳазор нафар дар сол хатм кард: камбуди кадрҳо ҳал мешавад?

© Sputnik / Амир ИсаевМедуниверситет в городе Душанбе
Медуниверситет в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Обуна шудан
Миёни хатмкунандаҳо садҳо нафар аз факултаҳои тибби умумӣ, педиатрӣ, дандонпизишкӣ, бахши фармасевтӣ ва ҳамчунин тиббӣ-профилактикӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Соли равон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро 2075 нафар хатм карданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, ин омор ҳам хатмкунандаҳои ватанию ҳам хориҷиҳоро дар бар мегирад.
Манбаъ афзуд, аз шумораи умумӣ факултаҳои тиббиро 1236 нафар, педиатриро 111 нафар, стоматологиро 197 нафар, фармасевтиро 53 нафар ва тиббӣ-профилактикиро 42 нафар хатм намудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон афзуд, ки мутахассисони ҷавон барои фаъолият дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ сафарбар хоҳанд шуд.
Зимни маросими хатм аз табибони оянда даъват карда шуд, ки ворисони воқеии Синои бузург бошанду дар фаъолият содиқонаю софдилона ба давлату миллат хизмат намоянд.
Ифтитоҳи майдони Парчами миллӣ дар ноҳияи Данғара бо ҳузури президент, Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2023
Кампуси Донишгоҳи тиббӣ дар Данғара: Он чӣ гуна хоҳад буд?
Ҳазорҳо хатмкунандаи танҳо як муасссисаи таълимии бахши тандурустӣ дар як сол дар ҳолест, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар соҳа камбуди кадрҳо ҷой дорад.
Қаблан вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода бо таъйиди камбуди ҳазор пизишку ҳамшираи шафқат дар соҳа изҳор дошт, ки сабаби асосии рафтани табибон барномаҳои ҷолиби кормандони ин соҳа аз ҷониби давлатҳои дигар мебошад.
Тарки касб намудани муаллимону табибон ва рӯй ба муҳоҷират овардани онҳо тайи солҳои охир дар навоҳии Тоҷикистон ба мушкили мубрам табдил ёфтааст.
Мақомот дар маҳалҳо талош доранд, барои ҷалби мутахассисони тандурустию маориф барои беҳбуди вазъи иҷтимоии онҳо чора андешанд. Аз ҷумла хонаю замин ваъда дода мешавад, аммо то ҳол ин ҳама натиҷаҳои назаррас надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0