Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд гурезаи афғонистонӣ паноҳ бурдаанд

© Sputnik Афганские беженцы отметили в Согде Навруз
Афганские беженцы отметили в Согде Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Бештари паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон аз тиҷорат, кишоварзӣ, сохтмон ва таъмири мошинҳо нони хонаводаи худро пайдо мекунанд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 6800 нафар афғонистонӣ паноҳанда шудаанд, ки теъдоде аз онҳо дар қайди идораи муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд.
Дар ин бора раиси созмони ғайридавлатии “Ориёно”, Абдумусаввир Баҳодурӣ, ки бо умури муҳоҷирин дар Душанбе фаъолият мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба иттилои созмони “Ориёно” дар ҳоли ҳозир паноҳандагони афғонистонӣ дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринави Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоатҳои Деҳмой ва Меҳробод дар вилояти Суғд, навоҳии Восеъ, Кушониён ва Ҷалолуддини Румии вилояти Хатлон кору зиндагӣ мекунанд.
Абдумусаввир Баҳодурӣ гуфт, бештари паноҳандагон аз тиҷорат, кишоварзӣ, сохтмон ва таъмири мошинҳо нони хонаводаи худро пайдо мекунанд.
Паноҳандагони афғонистонӣ танҳо ва бузургтарин ҷамоати паноҳандагон дар Тоҷикистон ба шумор меоянд. Гуфта мешавад, ки аксари онҳо як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон монда, бо дуруст кардани расмиёт ба кишварҳои сеюм мераванд.
Российские учебники по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
"Россотрудничество" ҳадафи дарсҳои русӣ барои гурезаҳои афғон дар Тоҷикистонро гуфт
Ба гуфтаи ӯ, бештари паноҳандаҳои афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Канада нақли макон кардаанд.
“Ҳоло низ моҳона аз 15 то 30 хонавода ба Канада нақли макон мекунанд. Соли равон эҳтимолан то моҳи сентябр беш аз 1000 хонавода ба он кишвар барои истиқомати доимӣ раванд”, - гуфт раиси созмони “Ориёно”.
Вай илова намуд, ки иддаи бузурге аз онҳо мунтазири тағйири вазъ дар Афғонистон ҳастанд, то ба хонаҳои худ баргарданд.
Дар мавриди шароити паноҳандаҳо дар Тоҷикистон таъкид шуд, ки ҳукумати кишвари мизбон ин иҷозаро додааст, ки бидуни расмиёти ҷудогона фарзандони муҳоҷирин дар мактабҳои Тоҷикистон таҳсил кунанд ва худи онҳо ҳар ҷое хоҳанд ба кор дароянд.
Тоҷикистон пас аз Покистону Эрон севумин кишварест, ки бештарини паноҳандагони афғонистониро паноҳ додааст. Аксари онҳо ба далели ноамниҳо ва фишорҳои сиёсиву амниятӣ маҷбур ба тарки ватан мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0