Эмомалӣ Раҳмон зебогии Варзобро ба амири Қатар нишон дод

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон и эмир Катара в резиденции Варзоб
Рахмон и эмир Катара в резиденции Варзоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Обуна шудан
Сарони кишварҳо дар мавзеъҳои зебоманзари минтақаи Варзоб сайру гашт карда, аз табиати ҷумҳурӣ баҳра бурда, сӯҳбати озоди дӯстона анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ аз қароргоҳи Варзоб дидан карданд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Қайд карда мешавад, ки боздид аз ҷойҳои зебоманзару ҷолиб дар доираи сафари давлатии Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Дар ҷараёни сайругашт амири Қатар бо манзараҳои нодири табиии Тоҷикистон ошно шуд.
Сарони кишварҳо дар мавзеъҳои зебоманзари минтақаи Варзоб сайру гашт карда, аз табиат ва ҳавои тозаи кишвари офтобӣ баҳра бурда, суҳбати озоди дӯстона анҷом доданд.
© Пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон и эмир Катара в резиденции Варзоб
Рахмон и эмир Катара в резиденции Варзоб - Sputnik Тоҷикистон
1/5
Рахмон и эмир Катара в резиденции Варзоб

2/5

3/5

4/5

5/5

Дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки чунин чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ сурат гирифт.
Қаблан Тоҷикистону Қатар як қатор санадҳои ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум имзо карда буданд.
Созишномаҳои имзошуд марбут ба шарикӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, тиҷорат, варзиш, сиёсати ҷавонон, савдо, кишоварзӣ ва саноатро дар бар мегирад.
Алоҳида бояд таъкид кард, ки созишномаи ҳамкориҳои ҳарбӣ низ имзо шуд.
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2023
Ҷалби сармоягузорӣ - амри зарурӣ: музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар
Ҳамчунин миёни Кумитаи дини Тоҷикистон ва Вазорати авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар як ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор шуд.
Ба муносибати омадани амир дар истиқболи ботантана қаровули фахрӣ барпо гардид, гимни ду мамлакат иҷро ва аз тупҳо 21 тир шиллик карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0