Боҳашамат ва зебо: масҷиди марказии Душанбе аз дохил - видео

Обуна шудан
Дар Душанбе масҷиди марказӣ - бузургтарин ибодатгоҳи мусулмон дар ҷумҳурӣ ба истифода дода шуд. ҳашамати масҷидро аз навори мо тамошо кунед
Санги асоси маъбад соли 2009 аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд, аммо бунёди аслӣ танҳо дар соли 2011 оғоз шуда, танҳо дар соли 2019 ба анҷом расид.
Ин иншоот аз чаҳор манораи баландии ҳар кадоми онҳо 74 метр, гунбази 43 метрӣ ва 17 гумбази хурд иборат аст.
Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе бо рақам - тасвирбаён
Ғунҷоиши масҷид 133 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар худуди он бино барои адои намоз, китобхона, осорхона, толори маҷлисҳо ва қабули меҳмонон, инчунин таваққуфгоҳ барои 4000 мошин мавҷуд аст.
Масҷиди марказии Душанберо алакай боҳашаматтарин иншооти меъмории Тоҷикистон ва азимтарин иншооти мазҳабии ҷумҳурӣ аз замони истиқлолият бунёдшуда номидаанд.
Лентаи хабарҳо
0