Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе бо рақам - тасвирбаён

Обуна шудан
Дар Душанбе масҷиди марказӣ, бузургтарин ибодатгоҳи мусулмон дар ҷумҳурӣ ба истифода дода шуд. Далелҳо дар бораи масҷид - дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон
Санги асоси маъбад соли 2009 аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд, аммо бунёди аслӣ танҳо дар соли 2011 оғоз шуда, танҳо дар соли 2019 ба анҷом расид.
Ин иншоот аз чаҳор манораи баландии ҳар кадоми онҳо 74 метр, гунбази 43 метрӣ ва 17 гумбази хурд иборат аст.
Ғунҷоиши масҷид 133 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар худуди он бино барои адои намоз, китобхона, осорхона, толори маҷлисҳо ва қабули меҳмонон, инчунин таваққуфгоҳ барои 4000 мошин мавҷуд аст.
Масҷиди марказии Душанберо алакай боҳашаматтарин иншооти меъмории Тоҷикистон ва азимтарин иншооти мазҳабии ҷумҳурӣ аз замони истиқлолият бунёдшуда номидаанд.
Лентаи хабарҳо
0