Маълум шуд, ки ноиби волии Бадахшонро кӣ кушт

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Обуна шудан
Созмони террористии "Давлати исломии Ироқу Шом"* ё худ ДОИШ* аллакай масъулияти куштори мақомдори дуюми баландпояи Бадахшонро ба уҳда гирифт
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. ДОИШ* масъулияти куштори муовини волии Бадахшон, Нисор Аҳмад Аҳмадиро бар ӯҳда гирифт.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон иттилоъ дода, афзуд, ки террористҳо мегӯянд, сари идораи худрави ҳомили маводи тарканда касе набуд ва он ҳангоми гузаштани мошини Нисор Аҳмад Аҳмадӣ ба таври фосилавӣ тарконда шуд.
Мақомоти маҳалли толибҳо хабар дода буданд, ки 6 июн як маргталаб худро таркондааст, ки дар натиҷа муовини волӣ - Нисор Аҳмад Аҳмадӣ ва ронандаи ӯ ҳалок шуда, 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ин дуюмин мақомдори баландпояи толибҳо дар музофоти Бадахшон мебошад, ки аз ҷ ониби ДОИШ* кушта мешавад.
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Лавров: ИМА аз ДОИШ* ва Ал-Қоида* дар Афғонистон фаъолона пуштибонӣ мекунад
Чанд моҳи қабл сардори амнияти толибҳо дар вилояти Бадахшон, Абдулҳақ Умарӣ дар шаҳри Файзобод кушта шуда буд.
Ба иттилои толибҳо, ҳодиса дар даромадгоҳи идораи амнияти Бадахшон дар шаҳри Файзобод рух дода буда буд. Тавзеҳ дода шудааст, ки мошини ӯро бо дастгоҳи худсохте таркондаанд.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, куштори мақомдори толибҳоро натиҷаи зиддиятҳои дохилӣ дар ин гуруҳ гуфт, ки ба иддаои ӯ густурдатар шудаанд.
Толибҳо мегӯянд, баъди ба сари қудрат расидан дар Афғонистон мубориза бо гуруҳҳои террористӣ, аз қабили ДОИШ*-ро пурзӯр намуданд ва афзуданд, ки аз қаламрави ин кишвар ба ягон давлате хатаре вуҷуд надорад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0