Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров мулоқот кард

© Фото : Пресс-служба МИД РФГлава МИД РФ Сергей Лавров и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Глава МИД РФ Сергей Лавров и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Обуна шудан
Дипломати рус аллакай бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот карда, баъдан боздиди ӯ аз пойгоҳи низомии 201-ум дар назар аст
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавро мулоқот кард.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Русия хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафараш ба пойтахти Тоҷикистон, ки рӯзҳои 5-6 июн дар назар аст, дипломати рус бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷа низ мулоқот кард.
Министр иностранных дел России Сергей Лавров в начале встречи с таджикским коллегой Сироджиддином Мухриддином. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Лавров: Президентҳо тобиши равобити Русия ва Тоҷикистонро муайян карданд
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар Сергей Лавров дар мулоқот бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, рӯзноманигорон, намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) суханронӣ менамояд.
Лентаи хабарҳо
0