https://sputnik.tj/20230606/lavrov-tolibho-huquq-tojikonu-khalq-afghoniston-1057571102.html
Вазири Русия: толибҳо бояд ҳуқуқҳои тоҷикону дигар халқҳои Афғонистонро эҳтиром кунанд
Вазири Русия: толибҳо бояд ҳуқуқҳои тоҷикону дигар халқҳои Афғонистонро эҳтиром кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия таъкид намуд, ки мавқеи Маскав ба дидгоҳи Душанбе дар мавриди вазъияти Афғонистон дар бисёри маврид якгуна аст
2023-06-06T14:49+0500
2023-06-06T14:49+0500
2023-06-06T14:49+0500
дар русия
афғонистон
толиб
саад
амният ва мудофиа
душанбе
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_4e476103534f58a66600228c52196f39.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Русия ва Тоҷикистон хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон ва риояи ҳуқуқҳои ҳамаи халқҳо дар ин кишвар мебошад. Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе баён дошт. Вай таъкид намуд, ки ҳукумат дар Афғонистон бояд ҳамашумул, на танҳо аз нигоҳи қавмӣ балки аз нигоҳи сиёсӣ бошад. Ӯ ҳамчунин ҳамкории Душанбею Маскав дар баробари таҳдидҳои бархоста аз Афғонистон, аз ҷумла мубориза бо маводи мухаддиру терроризми байналмилалӣ гуфт. Лавров изҳор дошт, ки Маскав ҷонибдори муколама бо толибҳо чун нерӯи қудратманди дохилии Афғонистон мебошад, чун онро ба суди кор медонад ва пайваста зимни тамосҳо ҳукуматдорони ин кишварро ба риояи ҳуқуқи инсон ташвиқ мекунад. Вай аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳукуматдорони Афғонистон бояд ҳуқуқҳои тамоми халқҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷиконро бояд риоя намоянд. Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Русия эълом дошт, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамчун як садди боэътимод дар роҳи паҳншавии ифротгароӣ, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хизмат мекунад.Ҳузури низомии мо дар Тоҷикистон - бузургтарин дар хориҷ аз Русия - омили муҳими суботу амният дар минтақа буда, ба манофеъи ҳама муттаҳидони СААД мебошад, таъкд намуд ВУХ Русия.
https://sputnik.tj/20230606/lavrov-ima-az-doish-al-qoida-afghoniston-pushtiboni-1057566159.html
афғонистон
душанбе
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d15365da66c20680baf455c8e4cf3e8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, хостор, тоҷикон, афғонистон, ҳуқуқ
русия, хостор, тоҷикон, афғонистон, ҳуқуқ
Вазири Русия: толибҳо бояд ҳуқуқҳои тоҷикону дигар халқҳои Афғонистонро эҳтиром кунанд
Вазири умури хориҷии Русия таъкид намуд, ки мавқеи Маскав ба дидгоҳи Душанбе дар мавриди вазъияти Афғонистон дар бисёри маврид якгуна аст
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Русия ва Тоҷикистон хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон ва риояи ҳуқуқҳои ҳамаи халқҳо дар ин кишвар мебошад.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи славянӣ дар Душанбе баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки ҳукумат дар Афғонистон бояд ҳамашумул, на танҳо аз нигоҳи қавмӣ балки аз нигоҳи сиёсӣ бошад. Ӯ ҳамчунин ҳамкории Душанбею Маскав дар баробари таҳдидҳои бархоста аз Афғонистон, аз ҷумла мубориза бо маводи мухаддиру терроризми байналмилалӣ гуфт.
Лавров изҳор дошт, ки Маскав ҷонибдори муколама бо толибҳо чун нерӯи қудратманди дохилии Афғонистон мебошад, чун онро ба суди кор медонад ва пайваста зимни тамосҳо ҳукуматдорони ин кишварро ба риояи ҳуқуқи инсон ташвиқ мекунад.
Вай аз ҷумла таъкид намуд, ки ҳукуматдорони Афғонистон бояд ҳуқуқҳои тамоми халқҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷиконро бояд риоя намоянд.
Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Русия эълом дошт, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҳамчун як садди боэътимод дар роҳи паҳншавии ифротгароӣ, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хизмат мекунад.
Ҳузури низомии мо дар Тоҷикистон - бузургтарин дар хориҷ аз Русия - омили муҳими суботу амният дар минтақа буда, ба манофеъи ҳама муттаҳидони СААД мебошад, таъкд намуд ВУХ Русия.