https://sputnik.tj/20230606/boshgohi-khujand-hamkori-sarmurabii-uzbekistoni-1057583587.html
Баъди як моҳ: бошгоҳи "Хуҷанд" ҳамкориро бо сармураббии ӯзбекистонӣ қатъ кард
Баъди як моҳ: бошгоҳи "Хуҷанд" ҳамкориро бо сармураббии ӯзбекистонӣ қатъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои ғайриқаноатбахши тими "Хуҷанд" ва иҷро нагардидани вазифаҳои гузошташуда, сабаби зуд қатъ шудани қарордоди ҳамкорӣ бо сармураббӣ арзёбӣ мегарданд
2023-06-06T19:10+0500
2023-06-06T19:10+0500
2023-06-06T19:12+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
нишондиҳанда
сабқат
сабқат
даста
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/01/1056794002_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_c7c344c2a16e944ea0fadcf4e201e2d9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Мурабии ӯзбекистонӣ, Нуъмон Ҳасанов, ки як моҳи пеш сармурабии клуби футболи “Хуҷанд” таъйин гардида буд, аз ин мақом барканор шудаааст. Ин хабарро манобеъ аз дастаи футболи “Хуҷанд” ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд.Бино ба иттилоъи манбаъ дар пайи натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар чанд бозии охир роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" ва сармураббӣ дар бораи қатъи ҳамкорӣ хулоса кардаанд. “Ҳасанов мутахассиси варзида аст, вале мутаассифона бо омадани ӯ даста натавонист ба нишондодҳои хуб муваффақ шавад. Балки чанд бозиро бохт, мавқеи даста дар ҷадвали чемпионати кишвар тағйир наёфт. Бинобар ин роҳбарияти бошгоҳ ба хулосае омаданд, ки қарордодро қатъ намоянд” - гуфт аз масъулони тими “Хуҷанд”. Ин манбаъ дар бораи сармураббии нави “Хуҷанд” изҳори беиттилоӣ кард, танҳо ҳамин қадар гуфт, ки тасмими ниҳоӣ рӯзи 7 июн эълон хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол баъзе аз мухлисони клуби футболи “Хуҷанд” ҳам дар шабакаҳои иҷтимоии хоси футбол хабари барканор шудани Нуъмон Ҳасановро таъйид намудаанд. Манобеъи наздик ба тим дар бораи таъйин шудани Фаррух Марофиев ба мақоми сармураббии тим иттилоъ додаанд, аммо расман ҳанӯз он таъйид нашудааст. Нуъмон Ҳасанов, собиқ бозигар ва ҳам сармураббии “Пахтакор”- и Ӯзбекистон, як моҳи пеш рӯзи 1 май дар ҳузури футболбозон ва расонаҳои хабарӣ расман сармурабии дастаи футболи “Хуҷанд” таъйин гардида буд. Директори иҷроияи клуби футболи "Хуҷанд", Мурод Умаров дар расми муаррифии Ҳасанов изҳори умедворӣ карда буд, ки таҳти роҳбарии сармуарабии нав тим ба комёбиҳо ноил хоҳад шуд. Дастаи “Хуҷанд” дар бозии даври 13 – уми Чемпионаи Тоҷикистон ахиран бо тими “Файзканд” бо ҳисоби мусовӣ 1- 1 бозиро анҷом дода, аз ин пеш дар сабқат бо дастаи “Куктош” ба ҳисоби 1:2 дучори шикаст шудааст.Зимнан дар мавқеи дастаҳо ҷойи 10 умро ишғол мекунад, ки нишондиҳандаи ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардидаст.
https://sputnik.tj/20230605/lahza-jolib-grand-prix-dushanbe-video-1057556422.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/01/1056794002_160:0:1121:721_1920x0_80_0_0_176f63d0e50c9e17cc89edc37a2129aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
натиҷа, тағйирот, кадрӣ, мураббӣ, тағйирот
натиҷа, тағйирот, кадрӣ, мураббӣ, тағйирот
Баъди як моҳ: бошгоҳи "Хуҷанд" ҳамкориро бо сармураббии ӯзбекистонӣ қатъ кард
19:10 06.06.2023 (Навсозишуда: 19:12 06.06.2023) Эксклюзив
Натиҷаҳои ғайриқаноатбахши тими "Хуҷанд" ва иҷро нагардидани вазифаҳои гузошташуда, сабаби зуд қатъ шудани қарордоди ҳамкорӣ бо сармураббӣ арзёбӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Мурабии ӯзбекистонӣ, Нуъмон Ҳасанов, ки як моҳи пеш сармурабии клуби футболи “Хуҷанд” таъйин гардида буд, аз ин мақом барканор шудаааст.
Ин хабарро манобеъ аз дастаи футболи “Хуҷанд” ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ дар пайи натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар чанд бозии охир роҳбарияти бошгоҳи "Хуҷанд" ва сармураббӣ дар бораи қатъи ҳамкорӣ хулоса кардаанд.
“Ҳасанов мутахассиси варзида аст, вале мутаассифона бо омадани ӯ даста натавонист ба нишондодҳои хуб муваффақ шавад. Балки чанд бозиро бохт, мавқеи даста дар ҷадвали чемпионати кишвар тағйир наёфт. Бинобар ин роҳбарияти бошгоҳ ба хулосае омаданд, ки қарордодро қатъ намоянд” - гуфт аз масъулони тими “Хуҷанд”.
Ин манбаъ дар бораи сармураббии нави “Хуҷанд” изҳори беиттилоӣ кард, танҳо ҳамин қадар гуфт, ки тасмими ниҳоӣ рӯзи 7 июн эълон хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол баъзе аз мухлисони клуби футболи “Хуҷанд” ҳам дар шабакаҳои иҷтимоии хоси футбол хабари барканор шудани Нуъмон Ҳасановро таъйид намудаанд.
Манобеъи наздик ба тим дар бораи таъйин шудани Фаррух Марофиев ба мақоми сармураббии тим иттилоъ додаанд, аммо расман ҳанӯз он таъйид нашудааст.
Нуъмон Ҳасанов, собиқ бозигар ва ҳам сармураббии “Пахтакор”- и Ӯзбекистон, як моҳи пеш рӯзи 1 май дар ҳузури футболбозон ва расонаҳои хабарӣ расман сармурабии дастаи футболи “Хуҷанд” таъйин гардида буд.
Директори иҷроияи клуби футболи "Хуҷанд", Мурод Умаров дар расми муаррифии Ҳасанов изҳори умедворӣ карда буд, ки таҳти роҳбарии сармуарабии нав тим ба комёбиҳо ноил хоҳад шуд.
Дастаи “Хуҷанд” дар бозии даври 13 – уми Чемпионаи Тоҷикистон ахиран бо тими “Файзканд” бо ҳисоби мусовӣ 1- 1 бозиро анҷом дода, аз ин пеш дар сабқат бо дастаи “Куктош” ба ҳисоби 1:2 дучори шикаст шудааст.
Зимнан дар мавқеи дастаҳо ҷойи 10 умро ишғол мекунад, ки нишондиҳандаи ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардидаст.