Комиссияи интихоботӣ 4 номзад ба президентӣ дар Ӯзбекистонро сабти ном кард

© Пресс-служба президента РУзПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Обуна шудан
Номзадии чор нафаре, ки аз аҳзоби мухталифи сиёсии Ӯзбекистон ба мақоми президентӣ пешниҳод гардиданд, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот сабт гардиданд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон президенти феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба ҳайси номзад ба раҳбарии ҷумҳурӣ дар давраи оянда сабти ном кард.
Ба иттилои КМИ, ҳамаи 4 номзаде, ки аз аҳзоби Ӯзбекистон пешниҳод шуданд, расман ба қайд гирифта шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон раиси ҷумҳури феълӣ Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.
Ҳамин тариқ, Ҳизби экологӣ номзадии Абдушукур Ҳамзаев, Ҳизби халқии демократӣ - Улуғбек Иноятов, Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Робахон Маҳмудова ва ӮзЛиДеП- Шавкат Мирзиёевро пешниҳод карда, КМИ онҳоро сабт намуд.
Национальные флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Тошканд созишнома бо Душанбе дар мавриди "форс-мажор" дар фазоро тасвиб кард
Интихоботи пеш аз мӯҳлати президенти Ӯзбекистон 9 июл баргузор мешавад. Овоздиҳии пешакӣ аз 28 июн то 5 июл баргузор хоҳад шуд. Пешбарии номзадҳо ба интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбекистон аввали июн анҷом ёфт.
Тибқи қонуни интихобот, аҳзоби сиёсие, ки дар кишвар на дертар аз чаҳор моҳи пеш аз эълони маъракаи интихоботӣ расман сабти ном шудаанд, ҳақ доранд номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 8 май раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармон дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсати ҷумҳуриро имзо кард. Ин нахустин интихоботи раёсатҷумҳурӣ пас аз ислоҳи Қонуни асосӣ, ки мӯҳлати ваколати раисиҷумҳурро аз 5 то 7 сол тамдид мекунад, хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0