Эълони омори ғарқшудаҳо дар обҳои Тоҷикистон: бештар ноболиғонанд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар бораи марги се нафар ноболиғ дар обҳои кишвар гузориш медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввали сол то кунун 47 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо изтироб гуфтааст, ки 26 нафари ҳалокшудагон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд, ки дар бештари ҳолатҳо аз беназоратӣ рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, танҳо давоми рӯзҳои истироҳатӣ се ҳодисаи нохуш рух дод, ки дар натиҷа се нафар ҷон бохта, як тани дигар беному нишон шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳи фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Бар иттилои манбаъ, фоҷеа аввал дар ноҳияи Восеъ тахминан соати 13:10 сар зада, сокинони 11 ва 12-солаи Восеъ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ,ҳангоми оббозӣ дар ҷои мамнуъ - дар канали деҳаи Ҳулбук ғарқ шудааанд
Гуфта мешавад, ки ҷасади онҳо пас аз корҳои ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ зӯҳри 4 июн дарёфт ва ба наздиконашон супурда шуд.
Ҳодисаи дуввум дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Ба гузориши КҲФ духтарчаи 7-солаи деҳаи Навбунёд-5-и ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур бо мақсади наҷот додани бародари 5-солааш ба канал медарояд.
"Дар натиҷа вай ба қубури ҳаҷмаш 1,5 метри мукааб афтода, ғарқ шудааст. Сокинони маҳаллӣ писарро наҷот доданд, аммо онҳо натавонистанд духтарро наҷот диҳанд", - афзудааст манбаъ.
Пас аз амалиёти дурӯзаи ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳандагони КҲФ тавонистанд ҷисми духтарчаро пайдо ва ба наздиконаш супоранд.
Фоҷиаи сеюм дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ рух медиҳад, ки дар пайи он ноболиғи 12-солаи деҳаи Нури Вахши ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи мазкур беному нишон гаштааст.
Тибқи иттилои КҲФ, писарбача ҳангоми чаронидани чорво дар наздикии дарёи Вахш ҳангоми оббозӣ дар дарё ғарқ шудааст, ки то кунун ӯро ҷустуҷӯ мекунанд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз падару модарон дархост кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, қоидаҳои рафтори бехатарро дар назди обанборҳо ва дар об қатъиян риоя кунанд.
Лентаи хабарҳо
0