https://sputnik.tj/20230604/murojiati-qodirov-diversant-ukraini-1057542171.html
Муроҷиати Қодиров ба диверсантҳои украинӣ
Муроҷиати Қодиров ба диверсантҳои украинӣ
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои Русия дар қаламрави амалиёти вижаи низомӣ, махфигоҳҳои украинӣ бо лавозимоти ҷангӣ ва дигар муҳимоти нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро ошкор кардаанд
2023-06-04T19:10+0500
2023-06-04T19:10+0500
2023-06-04T19:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
низомӣ
нерӯ
амният ва мудофиа
рамазон қодиров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/04/1057538899_0:0:1261:710_1920x0_80_0_0_900786cd10e3971e5cd23aea05ab0707.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон, Рамазон Қодиров аз оғози "мавсими шикор" алайҳи аъзои гурӯҳҳои диверсионӣ ва ҷосусони украинӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ гуфт. Вай дар саҳифааш дар Telergram аз ошкорсозии лавозимоти диверсионӣ барои нерӯҳои Украина иттилоъ дод. Вай афзудааст, ки дар омади гап, нерӯҳои Русия аллакай натиҷаҳои аъло ба даст овардаанд. Ба гуфтаи ӯ, сарбозони воҳидҳои чечен анборҳои аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина боқимондаро ошкор карда, ба фоидаи низомиёни Русия либоси низомӣ, муҳимот ва лавозимотро мусодира кардаанд. Қодиров бо зикри он, ки дар амалиёти тахрибкоронаи нерӯҳои украинӣ асосан сокинони осоишта кушта мешаванд, даъват намуд, ки ба ҷанг бо ҷанговарон машғул шаванд. "Ин ба мулкиҳо чй дахл дорад? Бо аскарони мо ҷанг кунед, онҳоро маҷбур накунед, ки шуморо ҷустуҷӯ кунанд, пинҳон нашавед. Ё фашистони НАТО танҳо барои куштани ғайринизомиён қодиранд? ", - суол гузоштаст Қодиров. Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ғайринизомисозию нозизудоӣ аз аҳдофи дигари ин амалиёти низомӣ арзёбӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20230603/dar-qrim-sharti-yagonai-istiqrori-sulh-dar-ukrainaro-guftand-1057525680.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/04/1057538899_102:0:1169:800_1920x0_80_0_0_bdc9b049d450121f6e4cf7229fb6338d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамзан қодиров, мавсим, шикор, диверсант, ошкор
рамзан қодиров, мавсим, шикор, диверсант, ошкор
Муроҷиати Қодиров ба диверсантҳои украинӣ
Нерӯҳои Русия дар қаламрави амалиёти вижаи низомӣ, махфигоҳҳои украинӣ бо лавозимоти ҷангӣ ва дигар муҳимоти нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро ошкор кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон, Рамазон Қодиров аз оғози "мавсими шикор" алайҳи аъзои гурӯҳҳои диверсионӣ ва ҷосусони украинӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ гуфт.
Вай дар саҳифааш дар Telergram аз ошкорсозии лавозимоти диверсионӣ барои нерӯҳои Украина иттилоъ дод.
"Дар қаламрави таҳти контроли воҳиди низомии Рустам Агуев нерӯҳои тахрибкори Украина фаъол шуданд. Ин маънои онро дорад, ки воҳидҳои мо барои онҳо мавсими шикорро боз кардаанд", - навиштааст Қодиров.
Вай афзудааст, ки дар омади гап, нерӯҳои Русия аллакай натиҷаҳои аъло ба даст овардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, сарбозони воҳидҳои чечен анборҳои аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина боқимондаро ошкор карда, ба фоидаи низомиёни Русия либоси низомӣ, муҳимот ва лавозимотро мусодира кардаанд.
Қодиров бо зикри он, ки дар амалиёти тахрибкоронаи нерӯҳои украинӣ асосан сокинони осоишта кушта мешаванд, даъват намуд, ки ба ҷанг бо ҷанговарон машғул шаванд.
"Ин ба мулкиҳо чй дахл дорад? Бо аскарони мо ҷанг кунед, онҳоро маҷбур накунед, ки шуморо ҷустуҷӯ кунанд, пинҳон нашавед. Ё фашистони НАТО танҳо барои куштани ғайринизомиён қодиранд? ", - суол гузоштаст Қодиров.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ғайринизомисозию нозизудоӣ аз аҳдофи дигари ин амалиёти низомӣ арзёбӣ шуданд.