https://sputnik.tj/20230602/putin-rusiya-ijoza-namedihad-vaz-kishvar-noorom-1057512314.html
Путин: Русия иҷоза намедиҳад, ки вазъ дар кишвар ноором шавад
Путин: Русия иҷоза намедиҳад, ки вазъ дар кишвар ноором шавад
Sputnik Тоҷикистон
Президент дар ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия изҳор дошт, ки бадхоҳон бо ҳар роҳ вазъро дар давлат ноором карданӣ мешаванд
2023-06-02T17:25+0500
2023-06-02T17:25+0500
2023-06-02T17:25+0500
русия
владимир путин
сиёсат
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055668451_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_2060c450ff303354d8ac9d59b688c871.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, мақомот бояд ҳама корҳоро анҷом диҳанд, то аз ноором шудани вазъ дар кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Ӯ ин нуктаро зимни ифтитоҳи ҷаласа бо аъзои доимии Шӯрои Амният изҳор дошт.Зимни суханронӣ ӯ гуфт, ки бадхоҳон талош доранд вазъро ташдид кунанд, аммо мақомот набояд ба ин кор роҳ диҳанд.Вай тавзеҳ дод, ки ин масъала муносибатҳои байни миллатҳоро дар бар мегирад, ки барои кишваре, ки дар он 190 миллат зиндагӣ мекунанд, ниҳоят муҳим аст.Қаблан шӯрои дахлдори назди сарвари давлат масъалаҳои муносибатҳои байналмилалиро, ки барои Федератсияи Русия ниҳоят муҳим эътироф шудаанд, баррасӣ карданд. Ёдовар мешавам, ки Путин низ имконнопазирии тақсими миллатҳоро эълом дошт. Сарвари давлат қайд кард, ки ҳама гуна кӯшиши ҷудошавӣ ба нокомӣ маҳкум аст, зеро онҳо асрҳо бо ҳам зиндагӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20230226/putin-gharb-rusiya-qismho-taqsim-1055183497.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055668451_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_79ea6a5720a051bce473025e0fd55dc1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин русия намегузорад кишвар ноором
путин русия намегузорад кишвар ноором
Путин: Русия иҷоза намедиҳад, ки вазъ дар кишвар ноором шавад
Президент дар ҷаласаи фаврӣ бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия изҳор дошт, ки бадхоҳон бо ҳар роҳ вазъро дар давлат ноором карданӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, мақомот бояд ҳама корҳоро анҷом диҳанд, то аз ноором шудани вазъ дар кишвар ҷилавгирӣ кунанд.
Ӯ ин нуктаро зимни ифтитоҳи ҷаласа бо аъзои доимии Шӯрои Амният изҳор дошт.
Зимни суханронӣ ӯ гуфт, ки бадхоҳон талош доранд вазъро ташдид кунанд, аммо мақомот набояд ба ин кор роҳ диҳанд.
“Имрӯз мо масъалаҳои марбут ба амнияти Русия, дар ин маврид амнияти сиёсии дохилиро бо дарназардошти талошҳое, ки душманони мо то ҳол барои ташдиди вазъ дар дохили ФР фаъол мекунанд, баррасӣ хоҳем кард. Бинобар ин мову шумо бояд ҳама корро кунем, то ба онҳо дар ҳеҷ ваҷҳ иҷоза надиҳем, ки ин корро анҷом диҳанд”, - гуфт президент.
Вай тавзеҳ дод, ки ин масъала муносибатҳои байни миллатҳоро дар бар мегирад, ки барои кишваре, ки дар он 190 миллат зиндагӣ мекунанд, ниҳоят муҳим аст.
Қаблан шӯрои дахлдори назди сарвари давлат масъалаҳои муносибатҳои байналмилалиро, ки барои Федератсияи Русия ниҳоят муҳим эътироф шудаанд, баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавам, ки Путин низ имконнопазирии тақсими миллатҳоро эълом дошт. Сарвари давлат қайд кард, ки ҳама гуна кӯшиши ҷудошавӣ ба нокомӣ маҳкум аст, зеро онҳо асрҳо бо ҳам зиндагӣ кардаанд.