https://sputnik.tj/20230602/noziron-navras-behtarin-muayyan-1057501879.html
Нозирони навраси беҳтарин муайян шуданд
Нозирони навраси беҳтарин муайян шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ"-ро ҷамъбаст кард
2023-06-02T12:20+0500
2023-06-02T12:20+0500
2023-06-02T12:20+0500
дар тоҷикистон
наврас
нақлиёт
ҳаракат
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101666/20/1016662079_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_58454297461b19ed6d73a09f94436372.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дастаи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ғолиби озмуни "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" гардид. Ба иттилои БДА ҳадафи озмун таҳкими огоҳии кӯдакону наврасон аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад. Баргузоркунандаҳо мегӯянд, ин озмун ҳамасола баргузор шуда, соли равон дар он 6 даста аз шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар баробари гимназияи №74 шаҳри Душанбе, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, МТМУ №7 шаҳри Хоруғи ВМКБ, МТМУ №7 шаҳри Турсунзода, МТМУ №2 ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва МТМУ №1 ноҳияи Рашт аз ҷумлаи иштирокдорон будаанд. Таҳлили раёсати Бозраси давлатии автомобилии Тоҷикистон нишон додааст, ки зиёда аз 60%-и садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар бо иштироки ноболиғон рух медиҳанд.Бар асоси омори расмӣ, аз аввали соли равон то даҳрӯзаи охири моҳи май беш аз 400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.Дар пайи ин садамаҳо 146 нафар ҳалок шуда, 442 нафар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардонида шудааст.БДА тавзеҳ дод, ки бо иштироки пиёдагардон дар 182 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ 52 пиёдагард ба ҳалокат расида, 136 нафар ҷароҳат бардоштааст.
https://sputnik.tj/20230531/sadama-margbor-ishtiroki-ronanda-noboligh-1057461214.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101666/20/1016662079_122:0:1473:1013_1920x0_80_0_0_49b3546b169a31687577b37c271a1b36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баранда, озмун, нозирон, наврас, баранда
баранда, озмун, нозирон, наврас, баранда
Нозирони навраси беҳтарин муайян шуданд
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ"-ро ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дастаи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ғолиби озмуни "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" гардид. Ба иттилои БДА ҳадафи озмун таҳкими огоҳии кӯдакону наврасон аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад.
Баргузоркунандаҳо мегӯянд, ин озмун ҳамасола баргузор шуда, соли равон дар он 6 даста аз шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар баробари гимназияи №74 шаҳри Душанбе, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, МТМУ №7 шаҳри Хоруғи ВМКБ, МТМУ №7 шаҳри Турсунзода, МТМУ №2 ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва МТМУ №1 ноҳияи Рашт аз ҷумлаи иштирокдорон будаанд.
Таҳлили раёсати Бозраси давлатии автомобилии Тоҷикистон нишон додааст, ки зиёда аз 60%-и садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар бо иштироки ноболиғон рух медиҳанд.
Бар асоси омори расмӣ, аз аввали соли равон то даҳрӯзаи охири моҳи май беш аз 400 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар пайи ин садамаҳо 146 нафар ҳалок шуда, 442 нафар бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардонида шудааст.
БДА тавзеҳ дод, ки бо иштироки пиёдагардон дар 182 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ 52 пиёдагард ба ҳалокат расида, 136 нафар ҷароҳат бардоштааст.