Консерти "Кӯдакон - ҷаҳони мо" дар Душанбе чӣ гуна гузашт - видео

Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 1-уми июн таҳти шиори “Кӯдакон– ҷаҳони мо” барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон консерти идона баргузор шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ тавонист аз ин чорабинии рангин, ки дар “Боғи кӯдакон”-и шаҳр баргузор шуд, чолибтарин лаҳазотро сабт кунад.
Сокинон ва меҳмонони пойтахт аз баромадҳои дастаҷамъии бачагону наврасон лаззат бурданд
Дар рафти ҷашн ба мактаббачагони фаъол, ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқаҳои зеҳнӣ, маърифатӣ ва варзишӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
"Кӯдакон дунёи моянд" — таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҳифзи кӯдакон дар Душанбе - аксҳо
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон як рӯзи байналмиллалӣ мебошад, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба мушкилоте, ки кӯдакон дар тамоми сайёра рӯбарӯ мешаванд, пешбинӣ шудааст.
Рӯзи ҳифзи кӯдакон ҳамасола 1-уми июн ҷашн гирифта мешавад.Он ноябри соли 1949 дар Париж бо қарори Конгресси Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 ҷашн гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0