Дар Тоҷикистон ҳудуди 50 тон маводи мухаддир мусодира шуд

© SputnikУничтожение наркотических средств, архивное фото
Уничтожение наркотических средств, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Обуна шудан
Дар давоми 24 соли мавҷудияти сохтор аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар чунин ҳаҷми маводи мамнӯъ аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти давлатӣ дар мубориза бо маводи мухаддир раиси Кумитаи қонунгузорӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод аз муваффақиятҳои сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири ҷумҳурӣ гуфт.
Ба гуфтаи Шоҳмурод, дар ин соҳа дастовардҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.
Дар 24 соли таъсисёбии Ожонси мубориза бо маводди мухаддир 49 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аз байн бурда шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 47 тон маводди мухаддир мусодира шудааст.
"Дар паси ин рақамҳо ҷони миллионҳо одамоне ҳаст, ки аз хатари нашъамандӣ наҷот ёфтаанд, каналҳои маблағгузории гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ баста шудаанд", - таъкид кард Шоҳмурод.
Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави вилояти Суғд амалиёти зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир "Кӯкнор-2023" оғоз шудааст.
Марихуана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Дар Суғд амалиёти махсус гузаронда мешавад
Барои пешгирии нашъамандӣ ва ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба зиммаи шӯъбаҳои дахлдор гузошта шуда, шӯроҳои ҳамоҳангсози мубориза бар зидди нашъамандӣ дар байни аҳолӣ корҳои ҳамаҷонибаи профилактикӣ ва тарбиявӣ мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0