Қазоқистон манъи содироти сӯзишворӣ тариқи роҳи автомобилиро тамдид мекунад

© Sputnik / Виталий ТимкивГазопровод на дороге
Газопровод на дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Обуна шудан
Қазоқистон, ки яке аз кишвари аслии таъминкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст, бо ҳар гуна тағйирот ба бозори сӯзишвории ҷумҳурӣ таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Қазоқистон омода аст, ки муҳлати манъи содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ бо роҳи автомобилиро барои шаш моҳи дигар тамдид кунад.
Лоиҳаи фармони муштарак дар портали Open NPA нашр шудааст, ки муҳокимаи он то 13 июн ба нақша гирифта шудааст.
"Дар давоми шаш моҳ содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ ва баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути роҳи автомобилгард, ... ба истиснои содирот дар зарфҳои гази аз ҷониби истеҳсолкунанда пешниҳодшуда манъ карда шавад, - гуфта мешавад дар матни ҳуҷҷат.
Дар ҳоли ҳозир ин мамнуъият, ки моҳи феврал муқаррар шуда, то август тамдид шуд, фаъолиятиашро идома медиҳад.
Машина заправляется на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Болоравии нархи бензин дар Хуҷанд
Қаблан, Вазорати энержии Қазоқистон қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар ин кишварро дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсояааш поинтар хонда буд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар пасманзари нобаробарии нархҳо дар навоҳии наздимарзии ин ҷумҳурӣ, “далелҳои нафтшӯӣ тавассути ҷараёни зиёди нақлиёти транзитӣ ва аз ҷониби сокинони навоҳии ҳамсояи наздимарзӣ мушоҳида мешавад".
Бо назардошти он ки Қазоқистон яке аз ду кишвари аслии таъминкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст, ҳар гуна тағйирот дар бозори сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.
Лентаи хабарҳо
0