Озмуни ҷумҳуриявии устоҳои барқ, челонгар ва тракторчӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЭлектросчетчик, архивное фото
Электросчетчик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Обуна шудан
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои такмили донишҳои назариявию амалиии мутахассисони бахшҳои мухталиф озмуни ҷумҳуриявӣ эълон кардаст
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Малакаи касбӣ" байни муҳассилин оғоз ёфта, давоми се рӯз идома меёбад.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, озмун дар Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе бо ҳузури вазири меҳнат, Гулнора Ҳасанзода шуруъ шуд.
Таъкид гардид, озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз рӯи ихтисосҳои "Системаи компютерӣ ва интернет-технология", "Челонгари таъмири (муҳаррики) автомобил", "Тракторчӣ-мошинисти истеҳсоли кишоварзӣ" ва "Монтёри барқи оид ба таъмиру хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ" гузаронда мешавад.
Зимни ифтитоҳи озмун, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи ҳукумат ба соҳаи таҳсилоти касбӣ равона гардидааст.
Строительство инновационного научно-технологического центра МГУ Воробьевы горы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Минтақаҳои Русия мунтазири муҳоҷирони корианд
Манбаъ афзуд ,ки шумораи умумии 242 нафар иштирокдорон аз муассисаҳои таълимӣ 71 нафар мебошанд.
"Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Малакаи касбӣ" иштирокчиён аз 35 муассиаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо иштироки фаъолона доранд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорат мегӯяд, ин чорабинӣ дар доираи гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат баргузор шуда, мақсади он тарғиби донишҳои назарияви ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб мебошад.
Фароҳам овардани шароит барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои дигари озмун арзёбӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0