Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Собиқ нахуствазири Украина: Зеленский Украинаро ба Афғонистон табдил дод

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкБывший премьер-министр Украины Николай Азаров. Архивное фото
Бывший премьер-министр Украины Николай Азаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Обуна шудан
Сиёсатмадор гуфт, ки Зеленский аз ҳама пешгузаштаҳои худ пеш рафта, ба ҷои Фаронсаву Швейтсарияи ваъдакардааш, давлати дигарро фароҳам кард
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский аз кишвар Афғонистони навро ташкил кард.
Дар ин бора собиқ сарвазири Украина, Николай Азаров дар саҳифааш дар Telegram баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар замонҳои мухталиф бисёре аз раҳбарони кишвар ваъда дода буданд, ки онро ба Фаронсаи нав ё Швейтсария табдил хоҳанд дод.
Аммо, ба гуфтаи Азаров, Зеленский аз ҳама пеш рафта, аз кишвар Кобули нав бунёд кард. Ин мувофиқи табъи англо-саксонҳо ва ташкилотҳои бахши мудофиавӣ мебошад.
Работа артиллеристов ЮВО на Запорожском направлении  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Расонаҳо: дастгирии Украина барои Ғарб бо фоҷиа меанҷомад
"Чӣ фикр доред, оё дар ояндаи наздик Вашингтон аз бозичааш хаста шавад? Ё лаззати кор алорағми Маскав аз ҷони гаравгонҳои режими Киев муҳимтар аст?", - мепурсад собиқ сарвазир.
Қобили зикр аст, ки қаблан Николай Азаров дар бораи он гуфт, ки чӣ гуна ҳангоми сафарбаркунӣ комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳрҳои бузурги Украина миллионерҳои долларӣ шуданд.
Вай афзуд, ки дафтари Зеленский ва Хадамоти амнияти Украина мустақиман дар ҳама тарҳҳои фасодкорӣ даст доранд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0