Намоишу фурӯши адабиёти бачагона дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон намоиш ва фурӯши адабиёти бачагона баргузор шуд, ки баъзеяшонро худи муаллифон муаррифӣ намуданд
Дар саҳни маҷмааи "Шарқи Озод" дар Душанбе намоиш ва фурӯши беш аз 160 номгӯи китобҳо баргузор шуда, харидорон имкон доштанд бо нархҳои нисбатан арзон осори адибони шинохтаи ватанию хориҷиро дастрас намоянд.
Ба иттилои баргузоркунандаҳо, дар намоишгоҳ дар баробари осор бо забони тоҷикӣ инчунин адабиёт бо 9 забони дигар, аз ҷумла забони русӣ пешниҳод гардид.
Дар ин чорабинӣ адибону олимони шинохтаи Тоҷикистон иштирок дошта, дӯстдорони китобу толибилмон имкон доштанд, бевосита бо муаллифони дӯстдоштаашон суҳбат ороянд. Адибон ба насли наврас, дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ гуфтанд.
Рӯзи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон”
Баргузоркунандаҳо мегӯянд, ҳадаф аз баргузории намоиш, ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон барои ҷалби бештари мардум ба китобхонӣ чорабиниҳои мухталифи сатҳи гуногун амалӣ мешаванд. Аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд, ки аз фонди захиравии президент маблағгузорӣ мешаванд.
Тқи омор, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 71 китобхонаҳои марказӣ ва 1290 филиали китобхонаҳо бо фонди зиёда аз 16 млн, нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ фаъолият доранд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, аз ҷумла қариб 4 ҳазор китобхонаи мактабӣ, 76 китобхонаи бачагона ва теъдоди зиёди китобхонаҳои шахсӣ ва иттифоқҳои касаба дар ҷумҳурӣ кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0