https://sputnik.tj/20230529/kvota-muhojiron-manotiq-rusiya-1057421324.html
Квотаи муҳоҷирон дар бархе манотиқи Русия зиёд карда мешавад
Квотаи муҳоҷирон дар бархе манотиқи Русия зиёд карда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Квота барои фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, ки асосан аз кишварҳои дорои низоми раводид меоянд, дар 28 минтақаи Русия зиёд карда мешаванд 29.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-29T18:10+0500
2023-05-29T18:10+0500
2023-05-29T18:10+0500
дар русия
муҳоҷират
захира
квота
хориҷӣ
муҳоҷир
вазорат
меҳнат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045941225_0:0:3013:1696_1920x0_80_0_0_4cd109fd5a7e0c66280ae1a759c45eef.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Вазорати меҳнати Русия бо дарназардошти муроҷиатҳои минтақаҳо тақсими муҳоҷиронро байни музофотҳо танзим мекуна, иттилоъ дод дафтари матбуоти ин ниҳод. Тарҳи фармон дар бораи тақсими квотаҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ аз кишварҳои дорои низоми раводид ба баррасии умум пешниҳод шудааст. Интизор меравад, ки теъдоди квотаҳо дар 28 минтақаи Русия афзоиш ёбанд. Бештар аз ҳама, шумораи квотаҳо дар ҳавзаи федералии марказӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ададашон ба андозаи қариб 3,5 ҳазор квота зиёд хоҳад шуд. Аз ин шумора қариб 3 ҳазорашон ба вилояти Маскав рост меоянд. Барои ҳавзаи федералии Шарки Дур қариб 1,7 ҳазор адад квотаи нав пешниҳод шудааст. Пешниҳоди афзоиши квотаҳо дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Русия шумораи муҳоҷирон аз кишварҳои дорои низоми раводид 4,4%-и тамоми муҳоҷирони меҳнатии дар кишвар фаъолияткунандаро ташкил медиҳанд.Ба феҳрасти муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои дорои низоми раводид, асосан шаҳрвандони Туркия, Чин, Ҳиндустон, Ветнам ва Сербистон ворид мебошанд. Вазорати меҳнат қайд кард, ки тағйироти мазкур, теъдоди умумии квотаҳои тасдиқнамудаи ҳукумат барои соли 2023-ро убур намекунад. Шумораи умумии иҷозатномаҳои таъйидкардаи ҳукумат барои соли равон қариб 124 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз шумораи умумӣ наздики 12 ҳазор квота дар захира боқӣ мемонанд, ки дар сурати зарурат метавонанд миёни минтақаҳо тақсим шаванд. Тавзеҳ дода шудааст, ки тақсими квотаҳои захиравӣ дар сурати пешниҳод шудани дархост аз музофотҳо пешниҳод хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20230525/rusiya-muhojiron-zabon-rusi-meomuzonand-1057345410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045941225_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_33d6aca0c5d50952c362bb7477dae36f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, муҳоҷират, захира, квота, хориҷӣ, муҳоҷир, вазорат, меҳнат
дар русия, муҳоҷират, захира, квота, хориҷӣ, муҳоҷир, вазорат, меҳнат
Квотаи муҳоҷирон дар бархе манотиқи Русия зиёд карда мешавад
Квота барои фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, ки асосан аз кишварҳои дорои низоми раводид меоянд, дар 28 минтақаи Русия зиёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Вазорати меҳнати Русия бо дарназардошти муроҷиатҳои минтақаҳо тақсими муҳоҷиронро байни музофотҳо танзим мекуна, иттилоъ дод дафтари матбуоти ин ниҳод.
Тарҳи фармон дар бораи тақсими квотаҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ аз кишварҳои дорои низоми раводид ба баррасии умум пешниҳод шудааст. Интизор меравад, ки теъдоди квотаҳо дар 28 минтақаи Русия афзоиш ёбанд.
Бештар аз ҳама, шумораи квотаҳо дар ҳавзаи федералии марказӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ададашон ба андозаи қариб 3,5 ҳазор квота зиёд хоҳад шуд. Аз ин шумора қариб 3 ҳазорашон ба вилояти Маскав рост меоянд.
Барои ҳавзаи федералии Шарки Дур қариб 1,7 ҳазор адад квотаи нав пешниҳод шудааст.
Пешниҳоди афзоиши квотаҳо дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Русия шумораи муҳоҷирон аз кишварҳои дорои низоми раводид 4,4%-и тамоми муҳоҷирони меҳнатии дар кишвар фаъолияткунандаро ташкил медиҳанд.
Ба феҳрасти муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои дорои низоми раводид, асосан шаҳрвандони Туркия, Чин, Ҳиндустон, Ветнам ва Сербистон ворид мебошанд.
Вазорати меҳнат қайд кард, ки тағйироти мазкур, теъдоди умумии квотаҳои тасдиқнамудаи ҳукумат барои соли 2023-ро убур намекунад. Шумораи умумии иҷозатномаҳои таъйидкардаи ҳукумат барои соли равон қариб 124 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки аз шумораи умумӣ наздики 12 ҳазор квота дар захира боқӣ мемонанд, ки дар сурати зарурат метавонанд миёни минтақаҳо тақсим шаванд. Тавзеҳ дода шудааст, ки тақсими квотаҳои захиравӣ дар сурати пешниҳод шудани дархост аз музофотҳо пешниҳод хоҳанд шуд.