Ҳаҷми фонди ҷоизаи Гран При Душанбе - 2023 оид ба ҷудо маълум шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Обуна шудан
Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ ҷузъиёти ташкили қаҳрамонии калони варзиширо, ки аввали моҳи июн дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ошкор кард
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Фонди ҷоизаҳои мусобиқаи Душанбе Гран-при-2023, ки рӯзҳои 2-4 июн дар пойтахт баргузор мешавад, 100 000 долларро ташкил медиҳад.
Дар ин бора як манбаъ аз Федератсияи ҷудои кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ширкаткунандагон барои ҷои аввал 3000 доллар (як ҷудокор 2400 доллар ва мураббӣ 600 доллар) дарёфт хоҳанд кард.
Ҷойи дуюм дар чемпионати бонуфуз 2000 доллар (як ҷудокор 1600 доллар ва мураббӣ 400 доллар) арзёбӣ мешавад.
Барои ҷойи севум - ҳазор доллар (ҷудокор 800, мураббӣ 200 доллар).
Дзюдоист Комроншохи Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2023
Ҷудокорони Русия ба Гран Прии Душанбе меоянд
То имрӯз барои ширкат дар ин мусобиқот 319 варзишгар аз 43 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистонро ҳамчун мизбони мусобиқа 34 ҷудокор (28 мард, 6 зан) муаррифӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки Гран-при Душанбе-2023 ба варзишгарон барои Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж холҳо меорад.
Пойтахти Тоҷикистон ҳаққи баргузории мусобиқоти Гран-приро дар чаҳорчӯби тури ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0