https://sputnik.tj/20230528/tojikiston-inshoot-marzi-istifoda-1057401430.html
Дар Тоҷикистон 33 иншооти марзӣ дар як рӯз ба истифода дода шуданд
Дар Тоҷикистон 33 иншооти марзӣ дар як рӯз ба истифода дода шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, дар ифтитоҳи бархе иншооти марзӣ ба таври ҳузурӣ ва дар бархеи дигар маҷозӣ иштирок кард
2023-05-28T14:35+0500
2023-05-28T14:35+0500
2023-05-28T14:35+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
марз
панҷ
афғонистон
эмомалӣ раҳмон
сарҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_0:0:3006:1691_1920x0_80_0_0_4e65845a04ef61dad980e9cf9887d43c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии "Айвоҷ" ва "Меҳнат" дар ноҳияи Шаҳритус иштирок кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз отряди сарҳадии "Айвоҷ" ба таври маҷозӣ (онлайн) иншооти як қатор отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосирро мавриди истифода қарор дод. Зикр шуд, ки аз ҷумла дидбонгоҳҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар саросари кишвар 33 иншооти нави сарҳадӣ барои хизмати 4 ҳазор нафар сарбоз ба истифода дода шуд.Дар дидбонгоҳи сарҳадии "Айвоҷ" Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтур ва симхори барои муҳофизати хатти сарҳади давлатӣ тасдиқгардида шинос шуд, ки аллакай даҳҳо километри он дар марзи давлатӣ насб гардидааст. Зикр гардид, ки дар мавзеи Айвоҷ дар фасли зимистон ҳаво 32 дараҷа хунук ва дар тобистон бошад, гармии ҳаво то ба 63 дараҷа мерасад.Таъкид гардид, ки дидбонгоҳҳои сарҳадии "Айвоҷ" ва "Меҳнат" бо муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда шуд.Дар маҷмуъ дар рӯзи иди сарҳадбонон 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харидорӣ ва ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси “Айвоҷ” ва “Меҳнат” тақдим гардид.
https://sputnik.tj/20230528/prezident-chand-marzboni-tojik-kushta-1057400389.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_296:0:2927:1973_1920x0_80_0_0_ea9611906774015c6ca214fd3322665c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чанд, иншоот, марзӣ, тоҷикистон, шаҳритус, шаҳритус
чанд, иншоот, марзӣ, тоҷикистон, шаҳритус, шаҳритус
Дар Тоҷикистон 33 иншооти марзӣ дар як рӯз ба истифода дода шуданд
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, дар ифтитоҳи бархе иншооти марзӣ ба таври ҳузурӣ ва дар бархеи дигар маҷозӣ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии "Айвоҷ" ва "Меҳнат" дар ноҳияи Шаҳритус иштирок кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз отряди сарҳадии "Айвоҷ" ба таври маҷозӣ (онлайн) иншооти як қатор отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосирро мавриди истифода қарор дод.
Зикр шуд, ки аз ҷумла дидбонгоҳҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ба муносибати Рӯзи сарҳадбонони тоҷик дар саросари кишвар 33 иншооти нави сарҳадӣ барои хизмати 4 ҳазор нафар сарбоз ба истифода дода шуд.
Дар дидбонгоҳи сарҳадии "Айвоҷ" Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо намунаи техника, дастгоҳҳои муҳандисию дидбонгоҳӣ, нусхаи симтур ва симхори барои муҳофизати хатти сарҳади давлатӣ тасдиқгардида шинос шуд, ки аллакай даҳҳо километри он дар марзи давлатӣ насб гардидааст.
Зикр гардид, ки дар мавзеи Айвоҷ дар фасли зимистон ҳаво 32 дараҷа хунук ва дар тобистон бошад, гармии ҳаво то ба 63 дараҷа мерасад.
Таъкид гардид, ки дидбонгоҳҳои сарҳадии "Айвоҷ" ва "Меҳнат" бо муосиртарин воситаҳои техникӣ бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ пурра таъмин карда шуд.
Дар маҷмуъ дар рӯзи иди сарҳадбонон 100 намуд техникаи гуногуни низомӣ харидорӣ ва ба хизматчиёни дидбонгоҳҳои навтаъсиси “Айвоҷ” ва “Меҳнат” тақдим гардид.